Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати корҳои хориҷаи Амрико гузориши солонаи худро дар бораи мубориза бо терроризм дар соли 2015 чоп кард ва дар он арзёбӣ ва маълумот дар бораи терроризми ҷаҳонӣ низ оварда шудааст.

Бино ба замимаи маълумоте, ки онро донишгоҳи аёлати Мериленд омода кардааст, ҳапмлаҳои терррористӣ дар соли 2015 нисбат ба соли 2014 13 дарсад коҳиш ёфтааст.

Шумораи умумии кушташудагон дар амалҳои террористӣ дар натиҷаи кам шудани ҳамла дар Ироқу Покистон ва Нигерия 14 дарсад кам шудааст. Аз соли 2012 то ҳол бори аввал шумораи кушташудагон ва шумораи ҳамлаҳои террористӣ рӯ ба коҳиш овардааст.

Вале дар баъзе кишварҳо, аз ҷумла дар Афғонистону Банглодеш, Мисру Сурия ва Туркия ҳамлаҳои террористӣ ва шумораи кушташудагон дар соли 2015 афзоиш ёфтааст.

Бино ба маълумоти вазорати корҳои хориҷаи Амрико Эрон ҳамоно кишваре боқӣ мондааст, ки аз терроризм дар сатҳи давлатӣ ҳимоят мекунад.

XS
SM
MD
LG