Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти раҳбарони кумитаҳои олимпии Тоҷикистону Афғонистон


Рӯзи 3 июн дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ), дабири кулли КМОТ Баҳрулло Раҷабалиев бо раиси Кумитаи миллии олимпии Афғонистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар мулоқот кард.

Дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни кумитаҳои олимпии ҳарду кишвар баррасӣ шуд. Баҳрулло Раҷабалиев гуфт, “мо бисёр мехоҳем бо кишвари ҳамсояи худ тавассути варзиш, ки қосиди сулҳ аст, ҳамкориҳоро густариш бидиҳем. Хуб мебуд, ки дар риштаҳои маъмули олимпӣ, ба мисли ҷудо, бокс, гуштии озод, гуштии фарангӣ ё юнониву румӣ, теннис, бадминтон, тенниси рӯи миз, таэквондо ВТФ, футболу волейбол мусобиқоти дӯстона баргузор намоем. Барои ин маблағи зиёде сарф намешавад, зеро ки мо кишварҳои ҳамсояем ва роҳ хеле наздик аст. Ба мақсад мувофиқ мебуд, агар мо барои табодули таҷрибаи варзишгарону мураббиён, доварон ва мутахассисони соҳа низ ҳамкорӣ мекардем. Ба назари ман мо бояд созишномаи ҳамкорӣ байни кумитаҳои олимпии ҳарду кишварро таҳия намуда, ба имзо расонем.”

Ҷаноби Раҷабалиев, инчунин иброз дошт, ки соли равон дар риштаи теннис дар Душанбе ду мусобиқаи бузург миёни наврасони синашон зери 14-сола баргузор мешавад. Ӯ афзуд, “яке аз ин мусобиқотро Федератсияи байналмилалии теннис (ITF) доир мекунад. Дигаре мусобиқаи анъанавӣ барои Ҷоми президенти Тоҷикистон мебошад. Мо теннисбони навраси Афғонистонро барои ширкат дар ин ду мусобиқа даъват мекунем. Инчунин моҳи октябр дар Душанбе давраи бозомӯзии мураббиёни теннис баргузор мешавад ва мо пардохти маблағи ду мураббии теннисро аз Афғонистон дар ин давраи бозомӯзӣ ба зиммаи худ мегирем.”

Дар ин мулоқот Муҳаммад Зоҳир Ағбар гуфт, "ман ниҳоят хушҳол ҳастам, ки дар раъси олимпики кишвари ҳамсояи мо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Мусалламан дастгирӣ аз онҳо сабаб мешавад, ки ифтихороти Тоҷикистон афзуда шавад. Ва дар ҳар яке аз мусобиқот, вақте иттилоъ ҳосил мекунем, ки як ҷавони тоҷикистонӣ медолеро ба даст овардааст, мо эҳсос мекунем, ки он медолро фарзанди афғонии мо ба даст овардааст. Мо талош мекунем, ки бисёр равобити ҳасана бо ҳамсояи худ дошта бошем. Аз лиҳози таърихӣ ба ҳеҷ ваҷҳ мо наметавонем, ки решаҳои амиқ ва пайвандҳои дури таърихиро нодида бигирем. Вале орзумандии мо зиёд, бештар аст, ки дар таҳкими ин равобит бояд масъулини ҳарду кишвар талош бикунанд. Орзуманд ҳастам, як тавофуқномаеро бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба имзо расонем ва дар татбиқи он тавофуқнома ҳарду тараф гомҳои мусбат бардоранд."

Раҳбари Кумитаи миллии олимпии Афғонистон аз раҳбарии варзиши Тоҷикистон тақозо кард, ки тимҳои худро ба Афғонистон барои мусобиқоти дӯстона бифиристанд. Ҷаноби Ағбар иброз дошт, “тасаввур чунин аст, ки давлати Афғонистон ё идораи варзиши Афғонистон аз имконоти иқтисодии хубе бархӯрдор нест. Ман ба шумо эълон мекунам, ҳар тиматон, ки мехоҳанд ба Афғонистон ташриф биёранд, Кумитаи олимпии Афғонистон онҳоро дастгирӣ мекунад, то ин равобит, ин муносибот сабаб шавад, ки ҷавонони тоҷикистонии мо бифаҳманд, ки мардуми Афғонистон чӣ қисмат мардум ҳастанд, дар ин ҷо кадом фарҳангҳо ҳоким аст, кадом мардум зиндагӣ мекунад.”

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки лоиҳаи тавофуқнома ҳарчи зудтар омода карда, ҳангоми баргузории мулоқоти оянда ба имзо расонида шавад.

Дар анҷоми мулоқот Баҳрулло Раҷабалиев ба Муҳаммад Зоҳир Ағбар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард. Дар навбати худ Муҳаммад Зоҳир Ағбар ба Баҳрулло Раҷабалиев медали ифтихорӣ ва тӯҳфаҳои рамзии КМО Афғонистонро супурд.

Дар ин мулоқот намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмад Муслим Ҷоҳид ва кормандони масъули КМО Тоҷикистон ширкат доштанд.

Пас аз мулоқот меҳмонон гӯшаву лавҳаҳоеро, ки дар онҳо дар бораи таърихи ҳаракати олимпӣ дар Тоҷикистон иттилоъ дода мешавад, тамошо карда, инчунин аз Маркази ташхиси тиббии назди Кумитаи миллии олимпӣ дидан карданд.

XS
SM
MD
LG