Пайвандҳои дастрасӣ

Визаи электронии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ


Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ судури раводид ё виза тариқи Интернетро ба роҳ мондааст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин тарҳ аз 1 июни соли ҷоӣ роҳандозӣ шуда, зарур нест, шаҳрвандони хориҷӣ барои дарёфти раводид ба муасссисаҳои консулии Тоҷикистон бираванд.

“Низоми раводиди электронӣ ё “e Visa” ба шаҳрвандони хориҷӣ бо тариқи онлайн гирифтани раводидро имкон медиҳад ва аз навбатпоӣ дар муассисаҳои консулӣ ё нуқтаҳои сарҳадӣ муштариёнро озод менамояд,” - таъкид шудааст дар иттилоияи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ин ниҳод мегӯяд, содда кардани низоми раводиди кишвар ба шаҳрвандони хориҷӣ шумораи зиёди сайёҳонро ба Тоҷикистон ҷалб карда, “расмиёти раводидро барои тоҷирон содда хоҳад кард”.

Бино ба иттилои масъулони Вазорати корҳои хориҷӣ, “дархосткунандагон раводиди электронии худро тариқи почтаи электронӣ баъд аз пешниҳоди маълумот ва пардохт бо корти бонкӣ дастрас менамоянд. Ҳаққи ин хадамот 50 доллар буда, ин миқдор пул тавассути шабакаи электронии байналмилалии эътирофшуда пардохт хоҳад шуд. Дар ҳолати рад намудани дархост маблағи мазкур ба дархосткунанда баргардонда намешавад. Баъди пардохти хироҷ ва қонеъ кардани дархост, дархосткунанда аз ҳамон суроғаи почтаи электронӣ раводиди электрониро дастрас менамояд, ки онро ҳангоми убури сарҳади Тоҷикистон дар якҷогӣ бо ҳуҷҷати сафар бояд пешниҳод намояд.”

Раводиди электронии Тоҷикистон 90 рӯз эътибор дошта, вале соҳибони он дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳақ доранд, 45 рӯзи тақвимӣ бимонанд. Муҳлати раводиди электронӣ тамдид намешавад ва соҳибонаш бояд дар мӯҳлати таъиншуда қаламрави Тоҷикистонро тарк кунанд.

XS
SM
MD
LG