Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттифоқи композиторон раҳбар интихоб мекунад


Иттифоқи композиторони Тоҷикистон рӯзи 6 июн анҷумани ғайринавбатии худро дар Душанбе баргузор хоҳад кард. Олимҷон Акрамов, сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, 3 июн бо тасдиқи ин хабар ба Озодӣ гуфт, “дар воқеъ, анҷумани ғайринавбатии Иттифоқи композиторон бо иштироки мақомоти давлатӣ ва композиторону мусиқишиносон аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон баргузор мешавад”.

Қарор аст, дар анҷумани ғайринавбатии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон 58 узви ин созмони ҷамъиятӣ иштирок кунанд.

Ба гуфтаи сардори раёсати санъати вазорати фарҳанги Тоҷикистон “бо таваҷҷӯҳ ба анҷумани ғайринавбатӣ будан, интихоби раҳбари нави Иттифоқи композиторон дар меҳвари баргузории анҷуман қарор мегирад.” Ин дар ҳолест, ки бар асоси оинномаи Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва тасмими ин созмони ҷамъиятӣ анҷумани навбатии иттифоқ бояд моҳи декабри соли 2018 баргузор шавад.

Зимнан, Қудратулло Ҳикматов, композитори саршиноси Тоҷикистон ва берун аз он бо собиқаи ҳудуди 40-солаи корӣ, аз соли 2007 то кунун раҳбарии Иттифоқи композиторони Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад. Ҳикматов соҳиби чандин ҷоизаи озмунҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Олмон, Шветсия, Русия ва Маҷористон мебошад. Ӯ соли 2001 унвони Арбоби ҳунари Тоҷикистонро соҳиб шудааст.

XS
SM
MD
LG