Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар соҳилҳои ҷазираи Крити Юнон рӯзи 3 июн як киштӣ бо садҳо муҳоҷирони ғайриқонунӣ ғарқ шуд. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, айни ҳол дар баҳри Миёназамин амалиёти наҷот идома дорад ва аллакай беш аз 250 нафар аз об берун оварда шуданд. Садҳо киштинишини дигар то ҳол беному нишонанд.

Бино ба хабарҳо, ҳафтаи гузашта тақрибан 5 ҳазор 600 нафар аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ наҷот дода шуданд, 880 муҳоҷир ба ҳалокат расид.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, аз аввалҳои соли равон дар баҳри Миёназамин тақрибан дуву ним ҳазор нафаре ҷон бохтанд, ки талоши вуруд ба Аврупоро доштанд. То имрӯз тавассути роҳи баҳрӣ 200 ҳазор нафар вориди ин қора шудаанд. Аз чаҳор се ҳиссаи онҳо аз Туркия ба Юнон омаданд, тақрибан 47 ҳазор нафар тавонистанд худро то соҳилҳои Италия расонанд.

XS
SM
MD
LG