Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти полиси Покистон гуфтанд, ҳамаи панҷ нафари гумонбар дар куштори ваҳшиёнаи як муаллимаи 19-сола боздошт шудаанд. Мария Бибиро як гурӯҳи панҷнафара рӯзи 30 май барои рад кардани издивоҷ бо марди аз худаш ду баробар бузургтар аввал шиканҷа кард ва сипас ба танаш бензин рехта оташ зад. Қабл аз марг Мария Бибӣ ба полис ариза навишта буд, ки гурӯҳи панҷнафара ба манзилаш дар шаҳри Девали Боло ҳамла карда, ӯро берун оварданд ва чун тӯби футбол лагадкӯбаш карданд.

Баъд аз ҳамлаи дуввум ӯ дар вазъи сангин ба бемористон дар Исломобод интиқол ёфт ва аммо табибон дар наҷоташ оҷиз монданд.

Масъулини полис рӯзи 3 июн хабар доданд, ки субҳи рӯзи ҷумъа се нафар аз гумонбарон дар ин куштори ваҳшиёна боздошт шуданд, пештарду нафари дигари онҳо ба даст уфтода буданд.

Ҳодисаи куштори Мария Бибӣ Покистонро такон дод, ҳарчанд хушунат алайҳи занон дар ин кишвар ба як амри маъмулӣ табдил шудааст ва ҳамасола тақрибан ҳазор зан бар асари «кушторҳои номусӣ» дунёро тарк мекунад.

XS
SM
MD
LG