Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии СММ аз шиканҷаи маҳбусон дар Донбасс


Созмони Милали Муттаҳид дар бораи садҳо ҳодисаи боздошти ғайриқонунӣ, шинканҷа ва бадрафторӣ бо маҳбусон дар шарқи Укринаро ҷамъ овардааст, ки масъулияташн ҳам ба дӯши ҷудоихоҳон ва ҳам ба дӯши ниҳодҳои амниятии Украина аст.

Дар ин бора рӯзномаи бритониёвии “Таймс” бо такя ба иттилои ёвори Дабири кулли СММ дар умури ҳуқуқи башар Иван Шимонович хабар додааст. Ба гуфтаи Шимонович, дар гузориши СММ оид ба авзоъ дар Украина далелҳои нақзи ҳуқуқ ва ҳодисаҳои куштори боздоштшудаҳо аз сӯи ҷудоихоҳони рустабор оварда шудааст.

Муаллифони гузориш ба зарурати вокуниши сареъ ба бетафовутии Киев ба ҳуқуқи инсон ҳам таъкид намудаанд, ки дар баъзе манотиқи Украина ба як раванди доимӣ табдил шудааст. Кормандони Хадамоти амнияти Украина гумонбарон дар робита бо ҷудоихоҳонро пайваста боздошт ва онҳоро шиканҷа мекунанд, изҳор намудааст Иван Шимонович.

Аз 19 то 25 маи соли равон ҳайати яке аз бахшҳои Кумитаи СММ дар умури ҷилавгирӣ аз шиканҷа дар Украина қарор дошт. Аммо ин сафар пеш аз мӯҳлат қатъ шуд, зеро аъзои ҳайатро ба ҷойҳое, ки бар пояи хабарҳо, афроди бегуноҳ аз сӯи кормандони Хадамоти амнияти Украина ғайриқонунӣ нигаҳ дошта мешаванд, роҳ надоданд.

Муаллифони гузориш ба вазъи баду тоқатфарсои 2,7 миллион сокинони манотиқи ҷангзадаи Донбасс таъкид карда гуфтаанд, ки ҳуқуқи онҳо, аз ҷумла, ҳуқуқи ибрози назар ва ташкили ҳамоишу нишастҳо, поймол карда мешавад.

Бино ба гузориш, шурӯъ аз моҳи апрели соли 2014 бар асари низоъ дар шарқи Украина 9371 нафар кушта шуда, 21532 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG