Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Туркия ба қатъномаи парлумони Олмон посух мегӯяд


Эътирози зидди қатъномаи парлумони Олмон дар Истамбул

Эътирози зидди қатъномаи парлумони Олмон дар Истамбул

Туркия изҳор намуд, ки дар посух ба қатъномаи парлумони Олмон дар бораи наслкӯшӣ эътироф кардани куштори арманиҳо аз сӯи Туркияи Усмонӣ як қарн пеш, аз гомҳои нав кор мегирад. Анкара билофосила баъд аз қабули ин қатънома рӯзи 2 июн сафираш дар Берлинро барои машварат ба кишвар бозхонд.

Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ки қарори Бундестаг ба ҳама бахшҳои равобити Туркия ва Олмон таъсир хоҳад гузошт ва мавзӯи кор гирифтан аз чораҳои ҷавобиро бо масъулини вазорати умури хориҷаи кишвар баррасӣ хоҳад кард.

Нахуствазири Туркия Биналӣ Илдирим рӯзи 3 июн изҳор намуд, ки Олмон иштибоҳи таърихӣ кардааст ва онро бояд ислоҳ кунад. Ӯ дар бораи он ки Туркия аз чӣ гомҳо дар баробари Олмон кор мегирад, чизе нагуфт, вале афзуд, ки ба комилан хароб шудани робитаҳо миёни ду кишвар роҳ нахоҳанд дод.

Муаррихон мегӯянд, ки замони ҷанги якуми ҷаҳон туркҳои усмонӣ тақрибан 1,5 миллион арманиҳоро эъдом кардаанд ва ин нахустин ҳодисаи наслкӯшӣ ё генотсид дар қарни 20 буд. Аммо Туркия инро рад мекунад ва мегӯяд, ки Арманистон теъдоди қурбониёни ҷанги шаҳрвандиро аз ҳад зиёд нишон медиҳад. Анкара иддао дорад, ки дар ин ҷанг даҳҳо ҳазор туркҳо низ ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG