Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкатҳои дохиливу хориҷӣ дар Тоҷикистон барои ҷалби харидорони худ аз шеваҳои гуногун истифода мебаранд. Ҷой кардани миқдоре пул ва ё тӯҳфаҳо дар дохили бастабандии маҳсулот, аз ҷумлаи чунин усулҳо ба шумор меравад.

Солеҳа Назарзода дар синфи панҷуми мактаби таҳсилоти умумии шумораи 172-и ноҳияи Рӯдакӣ дарс мехоҳанд. Ӯ ҳар рӯз аз мағозаи чипси "Бо табассум" чанд баста чипс ё картошкаи хушк мехарад. Солеҳа ба картошакаи дохили бастабандиҳо шавқи зиёд надорад, ӯ туҳфаи дохили онро меписандад.

Туҳфаи дохили як бастабандии чипси “Бо табассум” кортҳои хурд, акси чаҳор ашё ва тарҷумаи номи он бо чаҳор забон -- тоҷикӣ, руси, англисӣ ва чинӣ навишта шудааст. Ба гуфтаи Солеҳа, "чун сураташ ҳаст ва мебинӣ, номаш зуд дар хотират мемонад."

Картошкаи хушки “Бо табассум” тавлиди ширкати "Замона" аст, ки дар вилояти Суғд фаъолият дорад. Аммо ба дунболи роҳандозӣ кардани таблиғи забономӯзӣ аз тариқи фурӯши маҳсулот, минтақаи фаъолияти ин ширкат то шаҳри Душанбе, навоҳии тобеи марказ ва вилояти Хатлон фарох шуд. Дар шароити бӯҳрони молиявӣ истифода аз ин усули нави таблиғ маҳсулоти ширкати "Замона"-ро ҳоло серхарид кардааст.

Насим Орзуқулов, масъули шӯъбаи маркетинг ва фурӯши ширкати "Замона" мегӯяд, ки "толибилмон ва кӯдакони минтақаҳои Тоҷикистон ба кортҳои забономӯзии мо одат кардаанд, ба хуби онро медонанд ва ҷустуҷӯ мекунанд. Агар ба ягон мағоза дертар барем, пурсуҷӯ мекунанд. Худи фурӯшандаҳо аз мо хоҳиш мекунанд, ки маҳсулоти зарурии кӯдаконро, ки барои онҳо ва волидонашон манфиатбахш аст, тезтар дастрас кунем."

Дар бастабандҳои картошкахушки ширкати "Замона" ҳоло 150 калима бо чаҳор забон истифода мешавад. Ин ширкат тасмим дорад, шумораи калимаҳоро боз ҳам бештар карда, баъдан сохтани ибораҳоро омӯзонад.

Бозоршиносон донишомӯзӣ аз тариқи фурӯши маҳсулотро дар бозори Тоҷикистон навоварӣ медонанд, аммо комилан мутмаин нестанд, ки дар дарозмуддат дар шароити кишвар ин усули таблиғ, бозори ширкатҳоро гарм нигаҳ дорад.

Ба назари Озар Самадов, маркетолог ва директори иҷроияи ширкати “Тотал эдвертайзинг групп”, худи истеъмолкунандгон, яъне кӯдакон бо манзури ба даст овардани фоида ва туҳфаҳои пуливу молӣ талош мекунанд, на барои дарёфти донишу асосҳои зеҳнӣ. Дар шароити феълӣ туҳфаҳои моливу пулии дохили бастаҳои маҳсулот дар миёни кӯдакон талабгори бисёр дорад.

Ширкатҳои дохиливу хориҷӣ дар Тоҷикистон маъмулан аз як усули ҷалби харидор, ҷой кардани миқдоре пул ваё туҳфаҳои молӣ дар дохили бастабанди маҳсулоташон кор мегиранд. Усуле, ки ба эҳсоси манфиатхоҳии мардум бозӣ мекунад ва ба камбуди сифати маҳсулот соя меандозад.

XS
SM
MD
LG