Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозпурсии наздикони маҳкумшудаҳои ҲНИТ аз сӯи пулис


Мақомоти пулис чанд тан аз наздикони маҳкумшудагони Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистонро баъд аз се соат боздошт дар назди Дафтари СММ, раҳо намуданд ва ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур оварданд. Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадал Ҳаит рӯзи 2-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир онҳо дар даромадгоҳи додгоҳи Шоҳмансур қарор доранд ва намедонанд, ки чаро ба инҷо оварда шуданд.

Вай гуфт, ки пас аз эълони ҳукми додгоҳ дар нисбати наздикони худ, ӯ ҳамроҳ бо ҳамсари Раҳматулло Раҷаб ва ҳамсари Зубайдуллоҳи Розиқ ва ду нафар дигар хостанд барои маслиҳат ба дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе бираванд, аммо аз сӯи маъмурони пулиси ноҳияи Шоҳмансур барои бозпурсӣ даъват шуданд. Ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит мегӯяд, ки ҳини бозпурсӣ ба онҳо гуфта шудааст, ки ҳаққи бурдани шикоят ба созмонҳои байналмилалиро надоранд ва агар дар ин робита арзе доранд, бояд онро бо зинаҳои болоии додгоҳӣ дар Тоҷикистон дар миён гузоранд..

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 2-юми июн ҳукми худ дар нисбати боздоштшудаҳои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистонро эълон карданд, ки бар пояи он Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовинони раиси ин ҳизб ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Бино ба иттилои вакилони дифоъ ва наздикони боздоштшудаҳо, Зарафо Раҳмонӣ ба ду соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуда, бақия аз 14 то 28-солӣ гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG