Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумони Тоҷикистон тарҳеро тасвиб кардааст, ки бар асоси он соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ метавонанд, инфрасохтор ё иншооти иҷтимоиро ба муддатҳои тӯлонӣ хусусӣ карда, фоида бибинанд.

Иқтисоддонҳои мустақили Тоҷикистон ба муваффақ шудани тарҳи ҳукумат дар бораи хусусисозии инфрасохтор ё иншооти иҷтимоӣ чандон хушбин нестанд.

Бар асоси тағйироте, ки рӯзи 1 июн аз сӯи вакилони порлумони Тоҷикистон ба қонун "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ" ворид шуд, соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ метавонанд, иншооти инфрасохториро ба муддати муайян хусусӣ кунанд. Роҳҳо, пулҳо, кӯдакистонҳо, шабакаҳои интиқоли нерӯи барқ, таваққуфгоҳҳои автомобилӣ ва марказҳои логистикӣ ё дигар хизматрасонӣ ба ин феҳрист дохиланд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони саршиноси тоҷик, мегӯяд, бахши хусусии Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои дигари пасошӯравӣ заиф буда, аз эҳтимол дур аст, ки тавони хусусисозӣ ва нигоҳдории инфрасохтор, бахусус, роҳу шабакаҳои обу барқрасониро дошта бошанд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Умаров гуфт, барои мисол, чанд кӯдакистони шаҳри Душанбе хусусӣ шуда, аммо тафовут миёни кӯдакистон қаблӣ ва феълӣ он аст, ки биною инфрасохтори кӯдакистон тармиму бозсозӣ нашуда ва танҳо ҳаққи нигоҳубину тарбияти кӯдакон ду баробар афзоиш ёфтааст.

Коршиносон мегӯянд, ки таҷрибаи шарикии давлату бахши хусусӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Русия ва Қазоқистон низ чандон муваффақ набудааст. Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи бархе аз соҳибкорон, фишори ниҳодҳои давлатӣ, бахусус, андозу гумрук миёни давлату бахши хусусӣ як фазои нобовариро ба вуҷуд овардааст.

Як соҳибкори шаҳри Душанбе, ки худро Баҳром муаррифӣ кард, гуфт, дар бораи хусусисозии инфрасохтор ва иншооти иҷтимоӣ хабаре надорад, вале агар бохабар ҳам мебуд, ҳозир намешуд, сармояи худро барои тарҳҳое, ки сарнавишташ рӯшан нест, масраф кунад.

Инчунин, ба гуфтаи ӯ, барои тармиму бозсозии иншооти кӯҳнаи инфрасохторӣ маблағи зиёд лозим буда, барои ҳифзи ҳуқуқи соҳибкор барои истифода ва ба даст овардани фоида аз иншооти инфрасохтор кафолати давлат зарур аст. Ин соҳибкор аз ҳодисаҳое ёдоварӣ кард, ки бино ё иншооти хизматрасонии кӯҳнаю фарсуда ва бекорхобида аз ҷониби соҳибкоре навсозӣ ва тармим шуда, пас аз муддате аз ҷониби афроди "соҳибқудрат", бидуни пардохти пули масрафшуда "ғасб" мешавад.

Бархе аз соҳибназарон ҳамчунин аз имкони такрори хусусисозии солҳои 90-ум дар Тоҷикистон ҳушдор додаанд, ки корхонаҳои саноатӣ, иншооти хизматрасонӣ ва муассисаҳои мухталиф ба нархи арзон хусусӣ шуда ва баъдан ин корхонаҳо комилан муфлис ва аз фаъолият монданд.

Маҷмааи "Сафедорак"

Маҷмааи "Сафедорак"

Масалан, корхонаҳои бузурги бофандагӣ, "Атласи Тоҷик" ва яхдонсозии шаҳри Душанбе аз ҷумлаи чунин иншоот ҳисоб меёбад, ки пас аз хусусигардонӣ тақрибан аз фаъолият бозмонда ва таҷҳизоту дастгоҳҳои онҳо бо нархи арзон фурӯхта шуданд.

Хусусисозии маҷмааи "Сафедорак", воқеъ дар минтақаи Такоб, тақрибан дар 70-километрии шимоли шаҳри Душанбе аз хусусигардонии пурсару садо дар як соли охир ба шумор меравад. Ин маҷмааи тафреҳию варзишӣ дар охири соли гузашта аз тариқи музоянда ҳамагӣ ба маблағи 1 миллиону 925 ҳазор сомонӣ ё беш аз 200 ҳазор доллар ба фурӯш рафт.

Гуфта мешавад, маҷмааи "Сафедорак" аз ҷониби яке аз сармоядорони наздик ба элитаи ҳукмрон харидорӣ шудааст. Қаблан осоишгоҳи "Зумрад" дар шаҳри Исфара дар вилояти Суғд аз тариқи музояда ба ширкати "Сомон Суғд" ба фурӯш рафта буд.

Дар доираи Барномаи хусусигардонии моликяти давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016 дар назар аст дар соли ҷорӣ хусусигардонии бастаи саҳмияҳои 31 ҷамъияти саҳомӣ, бо шумули саҳмияҳои осоишгоҳи "Шоҳанбарӣ" сурат гирад. Тибқи қавонини Тоҷикистон, корхонаи "Алюминийи Тоҷик", неругоҳҳои Нораку Роғун, иншооти низомӣ ва захоири оби кишвар хусусӣ нахоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG