Пайвандҳои дастрасӣ

Парлумони Олмон куштори арманиҳоро "генотсид" эътироф кард


Маҷлиси поёнии парлумони Олмон рӯзи 2 июн бо тасвиби як қарори рамзӣ куштори 1,5 миллион арманӣ аз сӯи нирӯҳои туркони усмонӣ дар як асри пешро ҳамчун “генотсид” ё қатли ом эътироф кард. Қарори иборат аз 5 саҳифа ба “гиромидошти қатли омми арманиҳо ва ақалиятҳои дигари масеҳӣ дар солҳои 1915 ва 1916” даъват мекунад. Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон қаблан ҳушдор дод, ки ин қарор метавонад ба равобити дуҷонибаи Олмону Туркия осеб занад. Туркия башиддат қатли ом унвон шудани куштори арманиҳо дар солҳои ҷанги якуми ҷаҳонро рад мекунад. Раисиҷумҳури Арманистон Серж Саркисиён дар пешорӯи овоздиҳӣ аз вакилони Бундестаг даъват кард, ки ҳушдорҳои Эрдуғонро сарфи назар кунанд. Саркисиён ба рӯзномаи олмонии “Bild” гуфт, “аз рӯи инсоф нест, агар шумо танҳо ба далели ба хашм омадани раҳбари як давлатит дигар қатли оми арманиҳоро қатли ом биномед.” Таҳлилгарон мегӯянд, замони баррасии ин қарор барои садри аъзами Олмон Ангела Меркел фурсати муносибе нест. Ӯ ояндаи сиёсиашро бар асоси муомила бо Туркия, ки дар ивази кумакҳои молӣ, сафари бидуни раводид ба Иттиҳодияи Аврупо ва музокирати масъалаи узвияташ дар ин созмон пеши роҳи мавҷи паноҳҷӯён ба Аврупоро бигирад, сохтааст. Куштору бадарғаи арманиҳо аз сӯи туркони усмониро шуморе аз муаррихон ва ҳудуди 20 кишвар генотсид эътироф кардаанд. Туркия мегӯяд, ки арманиҳо қурбони рақобатҳои дохилии солҳои ҷанги якуми ҷааҳон шудаанд, то ҳадафи талоши тарҳрезишудаи давлати туркони усонӣ ҷиҳати аз байн бурдани ин ақалияти масеҳӣ.

XS
SM
MD
LG