Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарина ҷоизаи "Бонуи хоксор"-ро ба даст овард


Зарина Мирзоёрова
Зарина Мирзоёрова

Донишҷӯи тоҷик Зарина Мирзоёрова дар озмуни зебоии “Марвориди дунё-2016” дар шаҳри Қазони Русия барандаи ҷоизаи “Бонуи хоксор” (“Мисс скромностъ”) шудааст. Дар ин озмун, ки шоми 1 июн ҷамъбаст шуд, ҷои аввал ва шоҳҷоиза насиби Сабина Мӯсоева аз Узбакистон шуда, ду ҷои баъдӣ насиби Ангелина Губанова аз Русия ва До Нюнг аз Ветнам шудааст. Дар ин озмун, ки довталабон нафақат зебоии ҳусни худ, балки ҳунарҳои доштаашонро ҳам ба намоиш гузоштанд, хубрӯён аз беш аз 30 кишвар ширкат кардаанд.

XS
SM
MD
LG