Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Бухорои Узбакистон мухлисони ришдорро ба тамошои бозии футбол роҳ надодаанд. Милисаҳои навбатдор дар назди дарвозаи варзишгоҳ ба онҳо машварат додаанд, ки ибтидо ришашонро битарошанд. Ин ҳодиса шоми якшанбе рух додааст. Яке аз ин мухлиcон гуфтааст, ки ӯ ба хотири тамошои бозии дастаи дӯстдоштааш маҷбур шуд, ба сартарошхонаи наздиктарин рафта, ришашро бигирад. Яке аз раҳбарони маҳфили мухлисони дастаи “Бухоро” дар сӯҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ тасдиқ кардааст, ки як фармони шифоҳӣ ҷиҳати ба варзишгоҳ роҳ надодани мухлисони ришдор вуҷуд дорад. Ба гуфтаи ӯ, ин фармон танҳо ба мухлисони ҷавон рабт дорад ва мардони синнашон аз 40 болоро касе кор намегирад.

Соли гузашта аз шаҳри Қӯқанд гузориш шуда буд, ки занони ҳиҷобпӯш ва мрадони дар сарашон тоқии сафедро ба бозори марказии ин шаҳр роҳ надодаанд.

Аз Тоҷикистон низ дар бораи маъракаҳои зидди мардони ришдор гузоришҳо ба даст мерасанд. Раҳбари раёсати корҳои дохилаи вилояти Хатлон моҳи январ гуфта буд, ки мақомот дар давоми як соли охир риши беш аз 12 ҳазор нафарро дар ин вилоят “ба тартиб овардаанд.”

XS
SM
MD
LG