Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешрафти нирӯҳои Ироқ дар Фаллуҷа кунд шудааст


Амалиёт дар Фаллуҷа
Амалиёт дар Фаллуҷа

Пешрафти нирӯҳои Ироқ дар амалиёти зидди ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” дар Фаллуҷа кундтар шудааст. Дар айни замон нирӯҳои курду араб, ки аз сӯи Амрико ҳимоят мешаванд, амалиёти нави густарда алайҳи ин созмони тундравро дар шимоли Сурия шурӯъ кардаанд. Мақомот мегӯянд, ба дасти Нирӯҳои демократии Сурия гузаштани Манбиҷ, шаҳре дар наздикии марзи Туркия ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ”-ро аз имкони таъминот ва иртибот бо пойтахти худхондаашон, шаҳри Раққа маҳрум мекунад. Ин минтақа охирин қаламрави таҳти назорати “Давлати исломӣ” дар марз бо Туркия буда, аз ҳадафҳои умдаи амалиёти таҳти раҳбарии Амрико ба шумор меравад. Дидбони ҳуқуқи башари Сурия гуфт, нирӯҳои курду араб 16 рустои атрофро ба даст оварда, дар тақрибан 15-километрии Манбиҷ қарор доранд.

XS
SM
MD
LG