Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Изҳороти Фузайлов пеш аз рӯёрӯии дастаи Тоҷикистон бо Бангладеш


Ҳаким Фузайлов дар нишасти хабарии 1 июн

Ҳаким Фузайлов дар нишасти хабарии 1 июн

Пеш аз бозии плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 байни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистону Бангладеш, рӯзи 1-уми июн дар шаҳри Душанбе, дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Ҳаятт Риҷенси”, нишасти хабарӣ барпо гардид.

Дар ин нишаст Ҳаким Фузайлов, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, ба хабарнигорон иброз дошт, ки вазифаи ягонаи даста дар ин бозӣ пирӯз шудан аст. Ӯ афзуд, "моро бозии ҷиддӣ дар пеш аст. Бинобар ин мо ба он хуб омодагӣ гирифтем. Вазифаи мо аз он иборат аст, ки ба сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ ёбем. Табиист, ки мо барои иҷрои ин вазифа кӯшиш мекунем. Бозиҳои плей-офф рақобат миёни ду даста мебошад. Вале рақобати осонро интизор нестем. Ба фикрам, бозӣ хеле душвор мешавад, вале мо наметарсем, муҳим он аст, ки ба рақибамон эҳтиромона муносибат кунем."

Гузориши видеоӣ инҷост:

Дар ин нишаст, инчунин Нуриддин Давронов, нимҳимоятгари мунтахаби миллии Тоҷикистон, гуфт, ки футболбозони тоҷик ба бозӣ муқобили тими Бангладеш комилан омодаанд. Ӯ афзуд, “мо аз бозӣ танҳо бурд хоҳонем ва бо ёрии мураббиён ба бозӣ хуб омода шудем. Ҳамдастагонам дар ҳолати хуб ҳастанд. Мо дар бозии охиринамон муқобили тими миллии Бангладеш пирӯз шуда будем. Вале ҳоло сармураббии даста иваз шудааст. Бангладеш дастаи хуб аст.”

Людовик де Круиф

Людовик де Круиф

Мутахассиси ҳолландӣ Людовик де Круиф, сармураббии мунтахаби Бангладеш, дар ин нишаст гуфт, “мо ба ин бозӣ бисёр муддат омодагӣ дидем. Ман ду сол пеш сармураббии Бангладеш будам. Дар Бангладеш дар ин муддат таҳаввулоти зиёд ба амал омадааст, футбол то андозае рушд кардааст. Барои ман натиҷа муҳим нест, аз ҳама асосӣ хуб бозӣ кардан аст, мехоҳам, ки футбол дар Бангладеш инкишоф ёбад. Мунтахаби Тоҷикистон дастаи хуб аст. Мо бисёр сахт тамрин кардем, ки бар тими Тоҷикистон пирӯзӣ ба даст биёрем. Худо кунад, ки ғолиб шавем.”

Бозии аввали плей-оффи сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Бангладеш рӯзи 2 июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:00 оғоз меёбад. Бозии ҷавобии ин ду даста рӯзи 7 июн дар пойтахти Бангладеш – Дакка - баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки дар рейтинги FIFA Тоҷикистон дар мақоми 164-ум ва Бангладеш дар ҷойи 178-ум қарор доранд. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар минтақаи Осиё дар гурӯҳи “В” ду бозӣ анҷом додаанд. Бозии аввал 16 июни соли гузашта дар Дакка бо ҳисоби 1:1 поён ёфт.Голи бангладешиҳоро Ҷаҳид Ҳасан дар дақиқаи 50-ум ва голи дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 88-ум ба ҳадаф расонданд.

Дар бозии ҷавобӣ 12 ноябри соли гузашта футболбозони тоҷик дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тими Бангладешро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст доданд. Ин сабқат зери борони шадид ҷараён гирифт. Чаҳор голро ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаҳои 16, 26, 60 ва 74-ум ба самар расонд. Як голи дигарро нимҳомоятгар Аҳтам Назаров аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метрӣ дар дақиқаи 52-юм вориди дарвозаи меҳмонон кард.

Тими мунтахаби Бангладеш дар фурудгоҳи Душанбе

Тими мунтахаби Бангладеш дар фурудгоҳи Душанбе

Тими миллии футболи Бангладеш барои бозии плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 бо мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 30 май ба Душанбе омадааст. Людовик де Круиф, сармураббии мунтахаби Бангладеш, ба бозӣ муқобили мунтахаби Тоҷикистон 23 бозигар овардааст. Ҳайати варзишии Бангладеш дар меҳмонхонаи панҷситорадори «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» ҷойгир шудааст.

Футболбозони Бангладеш бегоҳи 1-уми июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе пеш аз бозӣ муқобили мунтахаби Тоҷикистон охирин тамрини худро анҷом медиҳанд.

Доварони бозии аввали плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистону Бангладеш аз Сурия мебошанд. Довари ФИФА Ҳанно Хаттоби 27-сола сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ба ӯ ёварони довари ФИФА – Алӣ Аҳмади 35-сола ва Мазен Зазфуни 38-сола - кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро довари ФИФА Ферас Тавили 33-сола ба зимма дорад. Масъуд Муродии эронӣ нозири доварон ва Чен Хин Чун аз Ҳонконг комиссари бозӣ мебошанд.

Дар марҳилаи аввали плей-офф даҳ дастае, ки аз рӯи натиҷагирии қуръакашӣ панҷ ҷуфтро ташкил медиҳанд, иштирок мекунанд. Панҷ дастаи ғолиби марҳилаи аввали плей-офф ба даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ меёбад.

Агар мунтахаби Тоҷикистон моҳи июн аз рӯи натоиҷи ду бозӣ бо дастаи Бангладеш ба даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ ёфта натавонад, он гоҳ боз як шанси ба марҳилаи гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019-ро тирамоҳ, вақте ки бозиҳои марҳилаи сеюми плей-офф баргузор мешаванд, пайдо мекунад. Дар ин марҳила се ҷуфт аз ҳисоби панҷ дастаи мағлубшудаи марҳилаи аввали плей-офф ва мунтахаби Бутан иштирок хоҳанд кард. Се дастаи ғолиби марҳилаи дувуми плей-офф ба даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳ меёбад.

Аз 11 дастаи марҳилаи плей-офф ҳаштоаш ба 16 тими мунтахаби даври гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 ҳамроҳ мешавад. Дар марҳилаи гурӯҳӣ 24 даста, ки ба 6 гурӯҳ тақсим шудаанд, ширкат меварзанд. Аз рӯи натиҷагирии ин марҳила аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ (ҳамагӣ 12 даста) ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки соли 2019 баргузор мешавад, роҳхат мегиранд. Дар қисми ниҳоии мусобиқоти қитъавӣ, ки дар Имороти Муттаҳидаи Араб барпо мегардад, барои аввалин бор 24 даста ширкат меварзад.

Марҳилаи плей-оффи Ҷоми Осиё-2019:

Бозиҳои аввал

2 июн (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Бангладеш

Тайван – Камбоҷа

Молдив – Яман

Малайзия – Тимори Шарқӣ

Лаос – Ҳиндустон

Бозиҳои ҷавобӣ

7 июн (сешанбе)

Бангладеш – Тоҷикистон

Камбоҷа – Тайван

Яман – Молдив

Тимори Шарқӣ – Малайзия

Ҳиндустон – Лаос

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG