Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Никоҳи якшаба" бо "Таборак" чӣ пайвандӣ дорад?


Абдулло Фалеҳ Ҷобир

Абдулло Фалеҳ Ҷобир

Як навори аудиоӣ дар Интернет дар бораи "никоҳи якшаба" дар Қирғизистон ҳикоят мекунад. Афроди огоҳ мегӯянд, ки эҳтимол садои яке аз мусоҳибон бо садои Абдулло Фалеҳ Ҷобир – раҳбари сандуқи хайрияи "Таборак" ва шаҳрванди Кувайт – монанд бошад.

Якҷоя бо ин сабти садо навори видеоӣ низ нашр шудааст, ки дар он саҳнаи муносибати шаҳвонӣ бо иштироки ин мардро нишон медиҳад. Ин наворҳо дар Интернет 30 май нашр шуданд. Худи Абдулло Фалеҳ Ҷобир ин иддаоро рад карда гуфтааст, зане, ки дар навор дида мешавад, зани дувуми ӯст. Бо вуҷуди ин, Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон расидагӣ ба ин далелро оғоз кардааст.

Дар сабти садоӣ, ки тақрибан 10 дақиқа аст, шунида мешавад, чӣ гуна зану мард байни худ сӯҳбат мекунанд. Зан ба забони қирғизӣ ҳарф мезанад. Мард ҳам ба забони қирғизӣ суҳбат карда, вале гоҳ-гоҳе ба забони арабӣ омехта мекунад. Ин сӯҳбат дар бораи никоҳи якшаба ё якрӯза аст, ки 200 доллар нарх доштааст. Аз сӯҳбат метавон фаҳмид, ки ин ду нафар бо якдигар ошно ҳастанд ва дар бораи ин мавзӯъ бори аввал гуфтугӯ намекунанд. Духтар ин наворро пинҳонӣ сабт кардааст.

Талоши Озодӣ барои сӯҳбат бо Абдулло Фалеҳ Ҷобир бенатиҷа буд, вале вай дар суҳбат бо расонаҳои дигар изҳор доштааст, ки гӯё ӯро қасдан бадном мекунанд. Вай таҳдид кардааст, ки ба додгоҳ муроҷиат мекунад ва ононеро, ки наворро дар Интернет чоп кардаанд, ба муҷозот хоҳад кашид.

Ҳамзамон ниҳодҳои интизомии Қирғизистон расидагӣ ба навори видеоӣ ва садоиро оғоз кардаанд. Дар ин бора Бакит Сейитов, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон гуфт: “Кормандони бахши тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо қочоқи инсон дар Раёсати корҳои дохилии Бишкек дар ин замина корҳое анҷом медиҳанд. Барои расидагӣ ба ин маводи интернетӣ кор мебаранд. Гузашта аз ин, фаъолияти сандуқи хайрияи “Таборак” дар Қирғизистон тафтиш карда мешавад.”

“Таборак” 10 сол пеш фаъолияти худро дар Қирғизистон оғоз кардааст. Дар бораи он ки оё ин созмон дар Вазорати адлия сабти ном шудааст ё не, маълумот вуҷуд надорад. Бино ба иттилое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расидааст, ин созмони хайрия дар минтақаҳои Қирғизистон чанд масҷид ва дармонгоҳу пул сохта, баъзе аз рустоҳоро бо оби ошомиданӣ таъмин кардааст. Пеш аз Қирғизистон ин созмон дар Чин бо корҳои хайрия машғул будааст.

Акимҷон Эргашев, муовини муфтии Қирғизистон, мегӯяд, бори аввал дар бораи ин сандуқи хайрия мешунавад. “То ҳол чизеро дар бораи онҳо намедонистам. Ман бо раҳбари ин созмон шинос ҳам нестам. Созмонҳои хайрия дар Вазорати адлия сабти ном мешаванд. Фаъолияти онҳоро давлат танзим мекунад,” – гуфт ӯ.

Дар Қирғизистон ҳар вақт шикоят мекунанд, ки ба фаъолияти созмонҳо ва ё сандуқҳои хайрия касе назорат намекунад. Замоне ки Темир Сариев нахуствазир буд, дастур дода буд, то сохтмони масҷидҳоро зери назорат бигиранд. Таъкид карда буд, ки танҳо бо иҷозаи муфтиёт масҷид созанд. Вале ба он камтар эътибор доданд.

Ҳоло дар Қирғизистон 2,5 ҳазор масҷид ва 80 мадраса сабти ном шудаанд. Аксари онҳоро хориҷиён сохтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG