Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Амрико аз ноамниҳо дар чемпионати "Евро-2016"


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз эҳтимоли ҳамлаи тероористӣ дар замони баргузории чемпионати футбол дар Фаронса ҳушдор додааст. Амрико аз шаҳрвандонаш хостааст, ки эҳтиёткор бошанд.

Чемпионати "Евро-2016" 10 июли соли равон дар шаҳри Париж оғоз шуда, иштироки наздики ду миллион мухлису ҳаводор дар назар аст.

Дар кишварҳои Аврупо баъд аз ҳамлаҳои террористии 13 ноябри Париж, ки боис ба кушта шудани 130 одам шуд, ҳанӯз ҳам нигарониҳо дар робита ба вазъи амниятӣ вуҷуд дорад.

"Мо диққати амрикоиҳоро ба вуҷуд доштани хатари ҳамлаҳои террористӣ дар Аврупо, ки эҳтимол аст, дар чорабиниҳои бузург, маконҳои сайёҳии машҳур, марказҳои савдо ва нақлиёт сурат бигирад, ҷалб менамоем", - омадааст дар изҳороти Департаменти давлатии ИМА, ки рӯзи сешанбе нашр шуд.

Ба иттилои манбаъ, ин ҳушдор то моҳи август боқӣ хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG