Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омодагии Эрдуғон барои беҳбуди равобит бо Русия


Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия, барои беҳбуд бахшидани робитаи кишвараш бо Русия изҳори омодагӣ кард. Аммо ӯ дар нишасти хабарии рӯзи 31 май гуфт, намедонад, “қадами аввал”-е, ки ба қавли Москва бояд Анқара бигузорад, кадом аст.

Изҳороти Эрдуғон баъд аз он садо дод, ки Дмитрий Песков -- сухангӯи президенти Русия гуфт, барои беҳбуди муносибати Москва ва Анқара бояд қадами аввалро Туркия бардорад.

Робитаи Анқара ва Москва дар пайи суқути ҳавопаймои ҷангии Русия аз сӯи Туркия дар моҳи ноябри соли 2015 вориди таниш шуд. Дар пайи ин ҳодиса Русия алайҳи Туркия таҳрим ҷорӣ кард ва тиҷорати байни ду кишвар якбора рӯ ба коҳиш овард.

Туркия мегӯяд, пеш аз суқути ҳавопаймои Русия ба камияш 10 бор халабонҳоро аз ворид шуданашон ба ҳарими ҳавоии Туркия ҳушдор дода буд. Вале Русия чунин иддаоро қабул надорад ва президент Владимир Путин суқути ҳавопаймои кишвараш аз сӯи Туркияро “ханҷар аз пушт” номидааст.

XS
SM
MD
LG