Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ёқуб Салимов, вазири пешини корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 24 июн аз зиндон озод хоҳад шуд.

Як манбаъ дар Раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 1 июн ба Озодӣ гуфт, ки понздаҳ соли маҳкумияти Ёқуб Салимов рӯзи 23 июн ба анҷом расида, як рӯз баъдаш ӯ ба назди хонаводаи худ хоҳад рафт. Ин манбаъ гуфт, "пас аз афви охирин, ки соли 2014 ба муносибати 20-солагии қабули Қонуни асосии Тоҷикистон сурат гирифта буд, 1 солу 3 моҳи муҳлати ҷазои Ёқуб Салимов боқӣ монда буд."

Дар ҳамин ҳол, наздикони Ёқуб Салимов ба Озодӣ гуфтанд, ки ҳафтаи гузашта бо ӯ мулоқот доштаанд ва Салимов таъкид кардааст, ки дар миёнаҳои моҳи ҷорӣ озод хоҳад шуд. ​Абубакр, писари калонии Ёқуб Салимов, рӯзи 1 июн ба Озодӣ гуфт, дар мулоқоте, ки бо падараш дошт, ӯ хушҳол ба назар мерасид ва гуфтааст, ин охирин мулоқоти онҳо дар зиндон аст. Ёқуб Салимов ба фарзандаш гуфтаст, баъди он ки масъулони Раёсати ислоҳии маҳбасҳо ин хабарро ба вай расонидаанд, хушҳол шудааст.

Абубакр Салимов

Абубакр Салимов

Раҳматилло Зоиров, ки як муддат вакили дифои Ёқуб Салимов буд, дар сӯҳбати телефонӣ аз Маскав ба Озодӣ изҳори умед кард, ки дар муҳлати муайянкардаи Вазорати адлия ӯ озод хоҳад шуд.

Дар авоили соли ҷорӣ, Рустами Шоҳмурод - вазири адлияи Тоҷикистон, ки назорати зиндонҳоро низ бар ӯҳда дорад, гуфт, мӯҳлати ҳабси Ёқуб Салимов - аз фармондеҳони пешини Фронти Халқӣ дароз нашудааст ва ӯ баъди анҷоми мӯҳлати ҷазояш озод хоҳад шуд. Вазири адлия 28 январ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, "бо анҷоми мӯҳлати зиндон касе ҳақ надорад, ки Ёқуб Салимовро дар маҳбас нигаҳ дорад." Рустами Шоҳмурод дар идома гуфта буд, ки “мӯҳлати ҷазоро додгоҳ таъин мекунад. Касе ҳақ надорад, ки баъд аз анҷоми мӯҳлати ҷазо нафареро дар зиндон нигоҳ дорад. Мӯҳлаташ тамом шуд, озод мешавад.”

Аз ин қабл овозаҳо паҳн шуда буд, ки мақомот гӯё муҳлати ҳабси Ёқуб Салимовро тамдид кардаанд.

Ёқуб Салимов, вазири собиқи корҳои дохилӣ ва намояндаи Тоҷикистон дар Туркия, соли 2003 бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар Русия боздошт ва баъди истирдодаш ба Душанбе бо иттиҳоми хиёнат ба ватан, нигаҳдорӣ ва тиҷорати силоҳ ва сӯистифода аз мансаб аз сӯи додгоҳи олӣ ба 15 соли зиндон маҳкум гардид. Вай аз тамоми рутбаҳои низомӣ ва ҷоизаҳои давлатияш низ маҳрум шудааст.

Ӯ яке аз фармондеҳони бонуфузи Фронти Халқӣ буд, ки баробари ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар иҷлоси 16-уми парлумони Тоҷикистон дар соли 1992, ба мақоми вазири умури дохилии Тоҷикистон таъин шуд. Соли 1997 Ёқуб Салимов президент Раҳмонро аз як ҳамла дар Хуҷанд наҷот дод ва муддатҳо дар доираи афроди бонуфузи Тоҷикистони баъд аз низоъ буд. Ӯ соли аз 1992 то 1997 ба ҳайси вазири умури дохилии Тоҷикистон кор карда, баъдан намояндаи кишвар дар Туркия буд.

Дар пайи татбиқи қонуни афв дар соли 2012, ду сол аз мӯҳлати адои ҷазояш кам карда шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG