Пайвандҳои дастрасӣ

Задухӯрд миёни марзбонони тоҷик ва қочоқчиёни афғон


Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар дидбонгоҳи марзии «Ҳамадонӣ» дар 200-километрии ҷануби Тоҷикистон, ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди гурӯҳи 7- нафараи қочоқчиёни Афғонистон ба қаламрави кишвар, вориди даргирии шадид шудаанд. Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи сарраёсати марзбонии Тоҷикистон рӯзи 1-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳодиса соати 11:45 дақиқаи рӯзи 29-уми май дар дидбонгоҳи "Ҳамадонӣ" рух дод. Вай афзуд, дар натиҷаи даргирии шадид ду қочоқчӣ захми шуданд ва 5 нафари дигар бо истифода аз қамишзор ба тарафи Афғонистон фирор намуданд.

Тоҷикистон бо Афғонистон садҳо километр марзи муштарак дорад ва дар гузашта низ ҳодисаҳои даргирӣ миёни марзбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон сурат гирифта буд. Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон яке аз масирҳои умдаи интиқоли маводи мухаддир кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия ба шумор меравад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG