Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Туркия қатъномаи Олмонро "масхараомез" номид


Биналӣ Йилдирим

Биналӣ Йилдирим

Биналӣ Йилдирим-нахуствазири Туркия қатъномаи порламони Олмонро дар бораи эътирофи куштори ҷамъии арманиҳо аз тарафи туркҳои усмонӣ “масхараомез” номид ва ҳушдор дод, ки чунин кор ба робитаҳои дуҷониба зарар мерасонад.

Интизор меравад, ки намояндагони порламони Олмон 2 июн бори дигар ба баррасии қатънома дар бораи қатли оми арманиҳо аз тарафи туркҳои усмонӣ дар қарни гузашта баргарданд. Аммо Туркия қотеъона ин иддаро рад мекунад ва мегӯяд, ки қатли ом сурат нагирифтааст.

Йилдирим ин нуктаро 1 июн изҳор дошт. Пеш аз вай дар аввали ҳафтаи ҷорӣ Раҷаб Тайип Эрдуғон низ ба ҳамин маъно суханонеро ба забон овард.

Эрдуғон 31 май ба рӯзноманигорон гуфт, ки тасвиби чунин қатънома дар порламони Олмон “ба робитаҳои дипломатӣ, сиёсӣ, тиҷоратӣ ва низомии миёни Анқараву Берлин “зарар” мерасонад”.

XS
SM
MD
LG