Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кишварҳои аврупоӣ ҳазинаи низомии худро боло бурдаанд


Бори аввал дар даҳсолаи охир ҳазинаи низомии кишварҳои аврупоии узви НАТО афзоиш меёбад. Дар ин бора Ҷенс Столтенберг-Дабири кулли паймони НАТО дар мусоҳибае бо рӯзномаи “Financial Times” хабар додааст. Ин мусоҳиба рӯзи 31 май ба нашр расидааст.

Столтенберг гуфтааст, “бо назардошти рақамҳо аз кишварҳои аврупоии узв дурнамо барои соли 2016 нишон медиҳад, ки бори аввал дар давоми солҳои зиёд дар ин сол ҳазинаи дифоъ дар кишварҳои аврупоии узв афзоиш ёфтааст”.

Вай афзуд, “Мо бо нопойдорӣ, бо таҳдиди бештар, бо чолишҳои бештари амниятӣ нисбат ба як насл рӯ ба рӯ шудаем”.

Соли гузашта кишварҳои аврупоии узви НАТО барои корҳои амниятӣ 253 миллиард доллар сарф кардаанд, дар ҳоле ки масорифи низомии Амрико 618 миллиард долларро ташкил додааст.

НАТО рақамҳои дақиқро чоп накардааст, вале кишварҳои каронаи Балтик, ки бо Русия ҳаммарз мебошанд, эълон кардаанд, ки соли ҷорӣ ҳазинаи худро боло бурдаанд. Масалан, ҳазинаи Латвия 60 дарсад афзоиш ёфтааст. Ҳазинаи Литва 35 дарсад боло ҷаҳидааст. Эстония ва Полша 9 дарсадӣ масорифи низомии худро боло бурдаанд.

Интизор меравад, ки масорифи низомии Британия низ соли ҷорӣ афзоиш ёбад.

XS
SM
MD
LG