Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти ҳамсари Абдулфайз Атоӣ


Абдулфайз Атоӣ.
Абдулфайз Атоӣ.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз даргузашти ҳамсари Абдулфайз Атоӣ, собиқ сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва ҳоло мушовири сафири Тоҷикистон дар Туркманистон, хабар дод. Ба гуфтаи масъулони вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Бибисоро Ойяҳмадова, ҳамсари 60-солаи Абдулфайз Атоӣ, рӯзи гузашта дар Эрон бар асари беморӣ даргузаштааст. Ба иттилои манбаъ, хонум Ойяҳмадова дар рӯзҳои ахир дар Эрон машғули муолиҷа будаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои масъулони вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷасади Бибисоро Ойяҳмадова, фардо тариқи ҳавопаймо аз Эрон ба Тоҷикистон оварда мешавад. Интизор меравад, маросими ҷанозаи ҳамсари Абдулфайз Атоев фардо дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.

Радиои Озодӣ нисбати даргузашти Бибисоро Ойяҳмадова, ҳамсари Абдулфайз Атоӣ тасаллияту ҳамдардӣ баён карда ва аз даргоҳи Худованди Бузург барои пайвандону наздикон сабри ҷамил хоҳон аст.

Зимнан, Абдулфайз Атоӣ аз дипломатҳои собиқадори тоҷик аст, ки дар гузашта дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Эрон, консулгарии Тоҷикистон дар Кундуз кор карда, моҳи апрели соли 2013, сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин шуда буд. Аммо моҳи ноябри соли гузашта пас аз дувуним соли фаъолият дар ин мақом, мушовири сафири Тоҷикистон дар Туркманистон таъйин гардид.

XS
SM
MD
LG