Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парастори ӯзбекистонӣ дар шиканҷаи ихтироъкор айбдор мешавад


Бахши Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Москва зидди ҳамшираи ӯзбекистонӣ Насиба А. парвандаи ҷиноятӣ кушодааст. Ин парастор давоми як сол нисбати ихтироъкори машҳур латукӯб бераҳмӣ ва бадрафториро раво дидааст.

Бо қарори додгоҳ 30 май шаҳрванди Ӯзбекистон Насиба А. боздошт ва нисбаташ бо моддаи "Шиканҷа" парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.

"Муайян шуд, ин зан, ки мебоист аз нафақахӯри маъюб парасторӣ кунад, ба таври мудовим ӯро мезадааст, таҳқир мекардааст ва метарсонидааст. Ҳангоми бозпурсӣ Насиба А. қисман гуноҳашро эътироф кард. Таҳқиқ идома дорад", - хабар медиҳад корманди кумитаи тафтишотии Русия Олга Врадий.

Насиба А.-ро духтари ихтироъкори 76-солаи рус Владимир Брувер, ки аз бемории Алзоймер ва Паркинсон ранҷ мебарад, соли гузашта барои парастории падараш киро карда буд. Духтари Брувер баъди он ки тавассути дурбини махфӣ шоҳиди шиканҷа шудани падараш гардид, ба пулис муроҷиат кард.

Дар сурати исбот шудани гуноҳонаш Насиба А.-ро то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG