Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баргузории конфронси зидди терроризм дар Остона


Дар Остонаи Қазоқистон конфронси байналхалқии "Дин зидди терроризм" баргузор шуд. Дар ин конфронс даҳҳо ҳайат аз наздики 40 кишвар ширкат карданд.

Дар оғози ин конфронс раиси порлумони болоии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев муроҷиатномаеро аз номи президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев қироат кард. Дар ҷаҳон тамоюли густариши фаъолиятҳои террористӣ мушоҳида мешавад ва гуруҳҳои тундгаро ба таври муътадил пуштибонии молӣ мебинанд, гуфтааст Токаев.

Раиси порлумони Қазоқистон гуфт, "муттаҳидии тамаддунҳои башарӣ" метавонад "посухи ягона" ба таҳдидҳои терроризм бошад. Ба гуфтаи Токаев, ҷамъият ва расонаҳо барои пешгирӣ аз барангехтани адовати динӣ бояд меъёрҳои ахлоқиеро коркард ва амалӣ созанд.

XS
SM
MD
LG