Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 880 гуреза дар як ҳафта дар баҳри Миёназамин


Агентии СММ дар умури гурезаҳо рӯзи сешанбе хабар дод, ки давоми ҳафтаи ахир дар баҳри Миёназамин на камтар аз 880 муҳоҷир ба ҳалокат расидааст.

"Соли 2016-ро аз нигоҳи теъдоди қурбониёни ғарқшавии киштиҳо метавон фоҷиабор номид", - гуфтааст намояндаи ин агентӣ Уилям Спиндлер.

Ба гуфтаи вай, аз аввали соли равон то ҳол дар натиҷаи ғарқшавии киштиҳо беш аз дувуним ҳазор одам ба ҳалокат расидааст, ки ин нишондод дар ҳамин давраи соли гузашта 1850 касро ташкил медод.

"Қочоқбарон одамонро ба киштиҳое савор мекунанд, ки барои ҳамлу нақли дарёӣ хатарноканд", - бори дигар таъкид кардааст Спиндлер.

Бештари ин муҳоҷирон шаҳрвандони Сурия, Ироқ ва Афғонистонанд, ки аз хушунату зуроварӣ дар кишварҳояшон мегурезанд.

XS
SM
MD
LG