Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парвандаи бародари Абдуфаттоҳи Ғоиб пурра қатъ шудааст


Акси Наҷмиддин Саидов аз саҳифаи "Одноклассники"

Акси Наҷмиддин Саидов аз саҳифаи "Одноклассники"

Парвандаи Наҷмиддин Саидов, раиси намояндагии “Тоҷиксодиртбонк” дар ноҳияи Данғара ва бародари Абдуфаттоҳи Ғоиб, “бинобар тасдиқ нашудани фикри айбдорӣ” қатъ шудааст.

Як манбаъ аз мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯи 1 июн гуфт, ки қаблан нисбат ба Наҷмиддин Саидов ва ду ҳамроҳаш бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “қаллобӣ” парванда боз шуда, вале дар ҷараёни тафтишот иттиҳоми алайҳи ӯ тасдиқи худро наёфтааст.

Ба қавли ин ҳамсӯҳбати мо, ду нафаре, ки бо Наҷмиддиин Саидов риштаи дӯстӣ дошта ва ҳоло дар боздоштанд, ҳангоми қаллобӣ аз номи ӯ сӯистифода кардаанд. “Дар ҷараёни тафтиши парванда маълум шуд, ки Саидов дар ин ҷиноят даст надорад. Ин ду нафар ҳам дар бозпурсиҳои такрорӣ иқрор шуданд, ки воқеан, барои амали қаллобии худ аз номи Наҷмиддин Саидов истифода кардаанд. Онҳо зимни анҷоми амали қаллобиашон ба ҷабрдида гуфтаанд, ки мо дӯсти додари роҳбари Хадамоти гумрук ҳастем,” - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ин манбаъ мегӯяд, ба ин далел парванда пурра қатъ шуда ва ҳоло нисбат ба Наҷмиддин Саидов ҳеч иттиҳом вуҷуд надорад. Ӯ гуфт, аммо нисбат ба ду ҳамроҳи Саидов парванда боз шуда, барои баррасӣ ба додгоҳ фиристода шудааст. “Рӯзҳои наздик ҳукми онҳо содир хоҳад шуд,” - гуфт ӯ.

Хабари боздошти Наҷмиддин Саидов моҳи октябри соли гузашта расонаӣ шуд ва мақомоти додситонӣ бори аввал моҳи феврали соли ҷорӣ гуфтанд, ки алайҳи раҳбари намояндагии “Тоҷиксодиротбонк” дар Данғара ва бародари раиси Хадамоти гумрук парванда боз шудааст.

Моҳи октябри соли гузашта манобеи Озодӣ дар Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз боздошти Наҷмиддин Саидов, раиси филиали "Тоҷиксодиротбонк" хабар доданд. Як манбаъ дар ин ниҳод гуфта буд, ки Наҷмиддин Саидов аз як шаҳрванд 400 ҳазор доллар гирифтанӣ шуда ва дар вақти дарёфти қисмате аз ин маблағ боздошт шудааст.

Масъулони "Тоҷиксодиротбонк" он замон дар сӯҳбат бо Озодӣ ҳарчанд боздошти Наҷмиддин Саидовро ба таври расмӣ тасдиқ накарданд, вале гуфтанд, ки раиси филиали ин бонк дар Данғара дар рухсатӣ қарор дорад. Баъдан ба тамосҳои пайвастаи Озодӣ низ дар ин филиали “Тоҷиксодиротбонк” гуфтанд, ки раҳбарашон ҳанӯз ба кор набаромадааст.

Наҷмиддин Саидов дар охирҳои моҳи октябри соли гузашта бо пардохти 5 ҳазор нишондиҳанда, баробар ба тақрибан 200 ҳазор сомонӣ, аз боздошт раҳо шуда буд. Манбаъ аз яке аз додгоҳҳои шаҳри Душанбе ба Озодӣ гуфт, қарори раҳоии Саидовро рӯзи 19 октябр содир гардидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG