Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Савченко чун вакили Верховная Рада савганд ёд кард


Низомии украинӣ Надежда Савченко, ки пас аз ду соли маҳбусӣ дар Русия ҳафтаи гузашта афв ва раҳо карда шуд, рӯзи 31 май ба ҳайси вакили Верховная Рада савганд ёд кард. Ӯ ду сол пеш, замони дар зиндон буданаш, вакили парлумони Украина интихоб шуда буд.

Надежда Савченко дар суханронӣ дар парлумони Украина гуфт, “ман баргаштам ва ба шумо, ки дар ин курсиҳои Верховная Рада нишастаед, иҷоза намедиҳам ҷавонони дар Майдон ҷонбохта ва онҳоеро, ки ҳоло дар Донбасс кушта мешаванд, фаромӯш кунед”.

Надежда Савченко ҳафтаи гузашта аз сӯи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин авф карда шуд. Путин дар шарҳи ин тасмим изҳор намуд, ки он бо созиши Минск рабте надорад ва Надежда Савченкоро бо хоҳиши пайвандони хабарнигорони кушташудаи рус озод кардааст. Путин афзуд, ки мавзӯи афв ва бозгардони Надежда Савченко муддати тулонӣ бо раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко баҳсу баррасӣ шуд. Вазифаи муҳим дар ин сӯҳбатҳо, ба гуфтаи сарвари Русия, раҳоии ду шаҳрванди Русия буд, ки аз сӯи додгоҳи Украина маҳкум ба зиндон шуда буданд.

Надежда Савченко рӯзи 21 март бо ҳукми додгоҳи шаҳри Донетски вилояти Ростови Русия ба 22 соли зиндон ва ҷаримаи 30 ҳазор рубл маҳкум шуд. Ӯ ба ҳамдастӣ дар қатли ду хабарнигори шабакаи телевизионии русӣ (ВГТРК) - Антон Волошин ва Игор Корнелюк, сӯиқасд ба ҳаёти наворбардор Виктор Денисов ва убури ғайриқонунӣ аз марзи Русия айбдор шуда буд. Аммо Савченко ҳукми додгоҳро қабул накард ва аз болои он шикоят ҳам набурд.

XS
SM
MD
LG