Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон 16 мусофири автобусҳоро эъдом карданд


Ҷангиёни ҷунбиши “Толибон” рӯзи 31 май дасти кам 16 мусофири автобусҳои Афғонистонро эъдом карданд.

Хабаргузории Франс Пресс бо такя ба иттилои сухангӯи волии Қундуз навиштааст, ки толибон автобусҳоро дар роҳҳои ин вилояти воқеъ дар шимоли кишвар нигаҳ дошта, дасти кам 16 нафарро куштанд ва даҳҳо тани дигарро гаравгон гирифтанд. Аммо фармондеҳи полис Шер Азиз Камолвол мегӯяд, ки теъдоди қурбониён 17 нафар аст.

Ҷунбиши “Толибон”, ки гуфта мешавад аз 40 то 60 ҳазор ҷангӣ дорад, баъд аз хурӯҷи нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон минтақаи нуфузи худро дар кишвар густариш дод.

XS
SM
MD
LG