Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷашнвора ё Фестивали минтақавии футболи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё), ки аз 26 то 30 май дар Академияи «Истиқлол»-и Душанбе, дар Алмосии ноҳияи Ҳисор, баргузор шуд, бо пирӯзии мунтахаби наврасони Эрон ба поён расид.

Ҷашнвора бо ширкати шаш дастаи мунтахаби наврасони то 14-солаи кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ – Афғонистон, Қирғизистон, Непал, Тоҷикистон, Ҳиндустон ва Эрон – барпо гардид. Дар ҷадвали ғайрирасмии мусобиқот тими наврасони Эрон, ки дар ҳамаи панҷ бозӣ бар рақибонаш ғолиб омад, бо 15 имтиёз мақоми аввалро касб кард.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо 12 имтиёз мақоми дувумро соҳиб шуд.Футболбозони навраси тоҷик дар чор бозӣ ғалаба карда, танҳо дар як дидор аз тими Эрон шикаст хӯрданд.

Мунтахаби Ҳиндустон бо шаш имтиёз ҷой севумро ба даст овард. Дар ҷойҳои минбаъда дастаҳои мантухаби наврасони Афғонистон ва Непал бо 6-имтиёзӣ қарор гирифтанд. Мунтахаби Қирғизистон – ягона дастае, ки шаҳди ғалабаро начашидааст, дар зинаи охирин ҷойгир шуд.

Дар маросими пӯшидашавии Ҷашнвора, ки баъди анҷоми бозиҳо бегоҳи душанбеи 30 май дар майдони Академияи «Истиқлол»-и Душанбе, дар Алмосии ноҳияи Ҳисор, доир шуд, ҳамоҳангсози кулли Фестивали AFC доктор Шамил Комил Муҳаммад Ал-Ҷоҷонӣ, муовини раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ ва меҳмонони дигар ширкат доштанд.

Доктор Шамил Комил аз сатҳи баланди баргузории Ҷашнвораи AFC дар Алмосӣ изҳори хушҳолӣ карда, ба Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳайати тадорукоти мусобиқот, инчунин роҳбариятиАкадемияи футболи «Истиқлол» изҳори сипос намуд. “Ҳадафи аслии Ҷашнвора на натоиҷи бозиҳо, балки ба бозигарон барои касби таҷриба ва омодагӣ ба мусобиқоти оянда таҳти сарпарастии Конфедератсияи футболи Осиё имконият фароҳам сохтан буд”, - иброз дошт доктор Шамил Комил.

Дилшод Ҷӯраев ҳамаи ширкаткунандагонро бо анҷоми муваффақонаи Ҷашнвора муборакбод намуда, ба меҳмонон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.

Ширкаткунандагони Ҷашнвора - доварон ва ҳамаи бозигарону мураббиён – бо медалҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд. Ҷоизаи “Fair play” ба мунтахаби наврасони Ҳиндустон тақдим гашт.

Носир Ҳамидов, сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон, аз бозиҳои дастааш дар ин мусобиқот изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт, “соли дувум аст, ки дар Тоҷикистон Ҷашнвораи футболи AFC баргузор мешавад. Мо дар ин мусобиқот хуб бозӣ кардем. Бозигарони мо таҷоруби бозиҳои байналмилалӣ касб карданд. Агар чунин мусобиқот ҳарчи бештар доир шавад, маҳорати бозигарони мо сайқал меёбад.”

Саидпуриё Темурӣ, бозигари мунтахаби наврасони Эрон, ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин давра аз мусобиқот сатҳи бисёр болое дошт ва мо рақибони зиёд доштем, тавонистем ҳамаи онҳоро бибарем ва қудрати худро нишон бидиҳем. Дар бораи футболи Тоҷикистон гуфтанӣ ҳастам, ки пешрафти хубе дорад ва дар оянда метавонад бозигарони хубе ба ҷаҳон тақдим бикунад.”

Фарҳод Азиз, мураббии тими наврасони Афғонистон, зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ иброз дошт, “мусобиқот ба мо бисёр дилчасп буд. Мо натиҷаи хуб гирифтем. Дар оянда кӯшиш мекунем, ки як тими хубтар биёрем. Тимҳои Эрону Тоҷикистон беҳтарин буданд. Мо тавонистем бо онҳо хуб бозӣ кунем.”

XS
SM
MD
LG