Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати беш аз 50 пулиси афғон дар ҷангҳои Ҳилманд


Дар набардҳои шадиди ду рӯзи охир дар вилояти ҷанубии Ҳилманд даҳҳо тан аз нирӯҳои пулиси Афғонистон кушта шуданд. Фармондеҳи пулиси Ҳилманд Исматуллоҳ Давлатзай гуфт, тайи рӯзҳои 29-30 май беш аз 50 афсари пулис ҷон бохтаанд. Иноятуллоҳ Ғаффорӣ, раҳбари идораи беҳдошти вилоят гуфт, беш аз 50 захмӣ, аксаран аз нирӯҳои амниятӣ, ба бемористонҳои Ҳилманд интиқол дода шудаанд. Бино ба хабарҳо, ҷангҷӯёни Толибон чанд посгоҳи амниятӣ дар навоҳии Наҳри Сироҷ, Грешек ва Нодалиро ба даст овардаанд. Ҳилманд тайи соли гузашта як ҷабҳаи амалиётҳои асосии ҷангҷӯёни Толибон буд. Ин ҷунбиши чирикӣ солҳо боз талош дорад, ҳукуматро дар Кобул барандозад.

XS
SM
MD
LG