Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ёқуб соҳиби дучарха шуд (Видео)


Ёқуби Саидаҳмад, сокини чорсолаи рустои Хоҷаҳақиқи ноҳияи Муъминобод, билохира ба орзуяш, яъне доштани дучарха расид. Ӯ дучархасавориро зиёд дӯст медорад, аммо қаблан ба далели надоштани буҷа падараш натавониста буд, ин хоҳиши ӯро пурра иҷро кунад.

Ду муҳоҷири тоҷик баъд аз нашри навори Озодӣ дар бораи ин кӯдак, барояш ӯ дучарха ва ҳадяҳои дигар фиристоданд. Ин муҳоҷирон гуфтанд, ки аммо аз онҳо ном бурда нашавад.

Хабарнигори Озодӣ ҳадяи муҳоҷиронро ба дасти Ёқуби Саидаҳмад ва хонаводааш расонд ва шодии онлаҳзаи ин кӯдакро ҳам ба навор гирифт. Модари Ёқуб дар аввал тааҷҷуб мекард, ки одамони, ба қавле, бегона чаро кӯдаки ӯро пурсуҷӯ доранд? Баъдан гуфт, аз ин ҳадя натанҳо кӯдакаш, балки тамоми хонавода шод шудаанд.

Ёқуб дар рустоти Хоҷаҳақиқ ҳамроҳи волидонаш зиндагӣ дорад. Ин русто ҳанӯз соли 1992 дар наздикии маркази ноҳияи Муъминобод ташкил шуда, дар он беш аз даҳ хонавода ба сар мебаранд ва аммо мегӯянд, ки 25 сол боз нерӯи барқ надоранд.

Радиои Озодӣ аз ҳамаи онҳое, ки навори “Дучархасаворе аз Хоҷаҳақиқ”-ро дар рӯзи 25 май дида ва барои харидани дучарха ба Ёқуби Саидаҳмад ва ёрӣ ба ин хонавода изҳори омодагӣ карданд, арзи сипос мегӯяд.

Видеои пешин инҷост:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG