Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба саноати низомиаш 1,1 триллион ҷудо мекунад


СУ-34 - ҳавопаймои ҷангии насли нави артиши Русия
СУ-34 - ҳавопаймои ҷангии насли нави артиши Русия

Русия тайи солҳои 2016-2020 барои саноати низомиаш 1,1 триллион рубл, муодили 16,7 миллиард доллар сарф хоҳад кард. Дар ин бора муовини сарвазир Дмитрий Рогозин рӯзи 30 май дар ҷаласае бо ҳузури сарвазир Дмитрий Медведев хабар додааст. Медведев ба муовинонаш гуфтааст, ки Русия дар ҳоли ҳозир дувумин содиркунандаи бузурги аслиҳа дар ҷаҳон ба шумор меравад ва бояд ин мавқеашро ҳифз кунад. Ниҳодҳои низомии Русия баъди фурӯпошии Шӯравӣ солҳо ба камбуди маблағгузорӣ рӯбарӯ буданд, вале дар чанд солҳои охир сармоягузории ҳукумат ба артиш башиддат боло рафтааст.

XS
SM
MD
LG