Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои уламои маркази исломӣ (муфтиёти собиқ)-и Тоҷикистон рӯзи шанбе дар як ҷаласааш, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, рӯзи душанбеи 6 июнро ба ҳайси рӯзи оғози расмии моҳи шарифи Рамазон муқаррар кардааст. Шӯрои уламо дар ин нишаст ҳамчунин садақаи фитрро 5 сомонӣ, нисоби закотро 17 400 сомонӣ ва ҳаҷми закот аз ин миқдор дороиро 435 сомонӣ муайян кардааст. Ҳамчунин барои онҳое, ки узри шаръӣ доранд, фидяи савм барои 30 рӯз дар ҳадди 600 сомонӣ баровард шудааст. Рамазон моҳи барои мусалмонон муқаддасест, ки дар тӯли он мусалмонон аз сари субҳи содиқ то расидани шом аз тановули ғизо, нӯшидани об ва аъмоли баде, чун ғайбату бадгӯӣ, лафзу рафтори қабеҳ ва амсоли ин парҳез мекунанд. Имсол моҳи Рамазон ба Тоҷикистон дар айни авҷи гармо ва дар рӯзҳои дарозтарини сол фаро мерасад.

XS
SM
MD
LG