Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Павел Лунгин дар Тоҷикистон филм мегирад


Павел Лунгин бо сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков
Павел Лунгин бо сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков

Коргардони маъруф рус Павел Лунгин гуфт, ки мехоҳад филми навашро дар Тоҷикистон ба навор бигирад. Ин филм бо номи “Братство” (“Бародарӣ”) дар бораи ҷанги Афғонистон буда, коргардониашро “Устохонаи Павел Лунгин” ба писари ин коргардони шинохта – Александр Лунгин супурдааст. Павел Лунгин ба хабаргузории ТАСС гуфт, барои ин филми нав 270 миллион рубл, муодили 4 миллион доллар ҷудо кардаанд. Павел Лунгин бо филмҳое, чун “Ҷазира”, “Такси-блюз”, “Луна-Парк” ва “Олигарх” маъруф аст.

XS
SM
MD
LG