Пайвандҳои дастрасӣ

Харобаҳои қасри Доруламонро барқарор мекунанд


Харобаҳои Доруламон

Харобаҳои Доруламон

Раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ тарҳи бозсозии овори қасри Доруламонро тасвиб кард. Бисёре аз биноҳои аз ҷангҳои шаҳрвандӣ осебдидаи Кобулро алакай барқарор кардаанд, вале ин қасри воқеъ дар теппаҳои атрофи пойтахти Афғонистон то ҳол хароб боқӣ мемонад.

Ашраф Ғанӣ, ки рӯзи 30 май дар расми оғози корҳои бозсозии қасри Доруламон сӯҳбат мекард, гуфт, эҳёи Доруламон хости мардуми Афғонистон аст ва баъди бозсозиаш ин қаср ба осорхона ва макони баргузории маросимҳои миллӣ табдил дода мешавад.

Тарҳи бозсозии қасри Доруламон барои аз 3 то 5 сол дар назар гирифта шуда, харҷаш аз 16,5 то 20 миллион доллар баровард шудааст. Ин қаср дар солҳои 20-уми асри 20 сохта шуда, як рамзи талошҳои ноком барои расидан ба сулҳ дар Афғонистон дониста мешавад. Доруламон чандин бор, аз ҷумла соли 1979 зимни ҳамлаи нирӯҳои Артиши Шӯравӣ, ба коми оташ рафта, дар ҷангҳои солҳои 90 тахриб шуд ва дигар аз истифода монд.

XS
SM
MD
LG