Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия - умедвори беҳбуди равобит бо Русия


Нӯъмон Куртулмуш

Нӯъмон Куртулмуш

Як мақоми баландпояи Туркия гуфт, Туркияву Русия мушкилоти ҳалношуданӣ надоранд ва бино ба пешбинии ӯ, равобити дуҷонибаи Маскаву Анкара дар “кӯтоҳмуддат” барқарор хоҳад шуд. Нӯъмон Куртулмуш, муовини сарвазир ва сухангӯи ҳукумати Туркия дар ин бора рӯзи 30 май дар як нишасти хабарӣ дар Анкара изҳори назар кард. Ӯ ҳамчунин гуфт, ягон кишвар набояд равобиташро бо як кишвари дигар қурбонӣ кунад. Равобити Анкараву Маскав дар пайи суқути ҳавопаймои ҷангии Русия аз сӯи Туркия дар ноябри соли 2015 вориди таниш шуд. Дар пайи ин ҳодиса дар марзи Туркияву Сурия, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин алайҳи Туркия таҳримот ҷорӣ кард ва тиҷорати байни ду кишвар баъди ин башиддат рӯ ба коҳиш овард.

XS
SM
MD
LG