Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Кумиссиюни Аврупо ба Русия сафар мекунад


Жан-Клод Юнкер

Жан-Клод Юнкер

Президенти Кумиссиюни Аврупо Жан-Клод Юнкер моҳи оянда дар як ҳамоиш дар Русия ширкат мекунад. Сухангӯи Юнкер рӯзи 30 май гуфт, ки “Президент Юнкер ба ҳамоиши байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург даъват шудааст ва қасд дорад рӯзи 16 июн дар ин ҳамоиш ширкат кунад.” Раиси Кумиссиюни Аврупо нахустин раҳбари як ниҳоди Иттиҳодияи Аврупост, ки аз замони таҳримоти соли 2014 ба далели тасарруфи вилояти Қрим ва ҳимояти ҷудоихоҳони шарқи Украина алайҳи Русия ҷоришуда ба ин кишвар сафар мекунад. Таҳлилгарон мегӯянд, сафари Юнкер дуруст дар остонаи тасмимгирии Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди тамдиди таҳримоти зидди Русия сурат гирифта, мавқеи раиси он ҷумҳурӣ Владимир Путинро қавитар мекунад. Юнкер, ки ба “равобити амалӣ” бо Маскав даъват мекунад, аз сӯи мақомоти аврупоии тарафдори тамдиди таҳримот таҳти танқид қарор дорад. Сухангӯи Юнкер гуфт, Кумиссиюн ҳамчун ниҳоди иҷроияи Иттиҳодияи Аврупо бо принсипҳои асосии бархӯрд бо Русия, ки аз сӯи ҳамаи 28 кишвари узв пазируфта шудааст, “пурра мувофиқ аст.”

XS
SM
MD
LG