Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири дохилаи Қирғизистон истеъфо дод


Мелис Турғанбоев

Мелис Турғанбоев

Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев истеъфои вазири умури дохила Мелис Турғанбоевро пазируфт. Дафтари матбуоти раисиҷумҳур рӯзи 30 май гуфт, Отамбоев раҳбари пулиси Бишкек Қашқар Ҷунушалиевро иҷрокунандаи вазифаи вазири дохила таъин карда, аз кобинаи вазирон хостааст, ки номзадии ӯро ба мақоми вазирӣ бипазирад. Далелҳои истеъфои Турғанбоев оварда нашудааст. Ӯ аз соли 2014 дар мақоми вазири дохилаи Қирғизистон кор мекард. Қабл аз он, Турғанбоев муддати 4 сол муовини вазири дохила буд.

XS
SM
MD
LG