Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

С.Сиддиқ: "Ҷанги иттилоотӣ"-и зидди Тоҷикистон шиддат ёфтааст


Саидалӣ Сиддиқ

Саидалӣ Сиддиқ

Саидалӣ Сиддиқ, раиси Оҷонсии давлатии “Ховар” аз ҷанги, ба гуфтаи ӯ, иттилоотии расонаҳои хориҷӣ алайҳи Тоҷикистон ҳушдор дод ва аз моликони нашрияҳои дохилӣ хост, ки дар ин мубориза дар тарафи кишвар бошанд.

Ӯ рӯзи 30 май дар “Муколамаи миёни ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ” дар Душанбе гуфт, “расонаҳои хориҷӣ аз Тоҷикистон ба тундӣ интиқод доранд ва ҳамаи редаксияҳои ахбори умуми кишвар дар ин шароит бояд сиёсати кори худро бозбинӣ кунанд.”

Ин сиёсат, ба қавли Саидалӣ Сиддиқ, бояд танҳо бо назардошти амнияту суботи Тоҷикистон роҳандозӣ бишавад. Ӯ дар идома бозори иттилоотии Тоҷикистонро дар баробари расонаҳои хориҷӣ осебпазир хонд ва гуфт, “барои ба вуҷуд овардани афкори умум ҳамоно онҳо бартарӣ доранд”.

Ба унвони мисол, Саидалӣ Сиддиқ бозтоби раъйпурсии Тоҷикистон дар расонаҳои хориҷиро намуна овард ва гуфт, ки “ҳамаи онҳо натиҷаи референдумро ба боди танқид гирифта, тавре талаққӣ кардаанд, ки гӯё ин раъйпурсӣ ғайридемократӣ ё зидди демократия буд. Дар асл ингуна нест ва мардуми Тоҷикистон дар референдуми ахир барои нигоҳдории амнияту субот ва эмин нигоҳ доштани давлатдории миллӣ раъй доданд.”

Раиси Оҷонсии давлатии “Ховар” мегӯяд, ки ин изҳороти ӯ ба маънои маҳдуд кардани озодии баён дар Тоҷикистон нест. Ӯ гуфт, Тоҷикистон ба озодии баён ва андеша эҳтиром қоил аст ва ин нукта дар Қонуни асосӣ ва қонунҳои дигари кишвар низ дарҷ ёфтаанд.

Саидалӣ Сиддиқ дар пайи тағйироти ахири кадрӣ ба раҳбарии Оҷонси давлатии иттилотии “Ховар” таъин шуд. Ӯ тайи солҳои охир ба ҳайси муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон кор мекард. Ӯ дар оғози солҳои 2000-ум сардабирии нашрияи “Вечерний Душанбе”-ро бар уҳда дошта, муассиси рӯзномаи “События” аст.

XS
SM
MD
LG