Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саудӣ Эронро ба дахолат дар умури Ироқ айбдор кард


Одил Ал-Ҷубайр
Одил Ал-Ҷубайр

Арабистони Саудӣ рақиби деринааш – Эронро ба дахолат дар умури Ироқ айбдор карда, ҳузури воҳидҳои низомии Эрон дар ин кишвари арабиро “ғайриқобилиқабул” номид. Вазири хориҷаи Саудӣ Одил Ал-Ҷубайр дар нишасти муштараки хабарӣ бо ҳамтои бритониёиаш дар Ҷидда гуфт, “таҳрик ба низоъ ва таҷзияи Ироқ натиҷаи сиёсатҳои мазҳабиест, ки аз сиёсатҳои Эрон бар Ироқ бархостааст.” Ӯ баъди айбдор кардани Эрон ба фиристодани “шибҳанизомиҳои шиъа” ба Ироқи ҷангзада гуфт, “агар Эрон суботро дар Ироқ мехоҳад, бояд дахолаташро бас кунад ва берун шавад.” Ин сӯҳбатҳои Ал-Ҷубайр дар ҳолест, ки ҳазорҳо шибҳанизомии шиъаи таҳти ҳимояти Эрон шаҳри аксаран суннинишини Фаллуҷаро иҳота кардаанд. Фаллуҷа аз ибтидои соли 2014 таҳти назорати созмони тундрави “Давлати исломӣ” қарор дорад. Эрон мегӯяд, мушовирони низомиаш бо дархости ҳукумати Ироқ ва ба хотири кумак ба нирӯҳои ироқӣ дар амри муқобила бо ҷангҷӯён дар он кишвар қарор доранд. Теҳрон чандин бор интиқодҳои Саудӣ дар бораи дахолаташ дар умури Ироқро рад карда, ба навбати худ ин рақиби минтақавиашро ба пуштибонӣ аз ифротгароӣ айбдор мекунад.

XS
SM
MD
LG