Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Санкт-Петербурги Русия фаъолони ҳаракати ҷавонони ҳизби "Яблоко" зидди ба исми Аҳмад Қодиров гузоштани пули болои канали Дудергоф эътироз карданд.

Панҷ фаъоли ҳаракати ҷавонони ҳизби "Яблоко" барои пули бе номи болои канали Дудергоф, ки дар хиёбони Қаҳрамонон ҷойгир аст, номи алтернативӣ пешниҳод кардаанд. Аз ҷумла барои ин пул номоҳои "Пули чинӣ", "Пули Шанхай", "Пули марворид", "Пули қаҳрамонон" пешниҳод шудааст.

Ин иқдоми мухолифон зидди Аҳмад Қодиров, раисиҷумҳури собиқи Чеченистон ном гирифтани пули мазкур аст. Ба номи Қодиров гузоштани хиёбон ва ё пулеро бори аввал вакили Маҷлиси қонунгузори Санкт-Петербург Виталий Милонов дар соли 2014 пешниҳод карда буд.

Имрӯз дар порлумони Петербург ҷаласаи ғайринавбатӣ баргузор мешавад, ки интизор меравад, барои пули болои канали Дудергоф ном интихоб шавад. Бархе аз вакилон аллакай изҳор доштанд, ки аз сӯи раҳбарияти порлумон фишор эҳсос мекунанд.

XS
SM
MD
LG