Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз ҷарима то ҳабс - ҳукми 51 эътирозгар дар Қазоқистон


Муовини додситонии кулли Қазоқистон Андрей Кравченко мегӯяд, 51 нафаре, ки дар ҳодисаҳои 21 май - маъруф ба тазоҳуроти зидди ислоҳи Кодекси замин боздошт гардидаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Кравченко ин ҳарфҳоро дар ҷаласаи ахири Комиссияи ислоҳоти замин, ки аз ҷониби ҳукумати Қазоқистон ташкил гардидааст, баён дошт.

Ба гуфтаи вай, баргузории тазоҳуроти 21 май "дар масъалаи замин"-ро ҳеч мақомоте иҷозат надода буд, аммо сарфи назар аз ин ки шаҳрвандон "медонистанд онҳоро чӣ интизор аст", ба кӯча баромаданд.

Муовини додситонии кулли Қазоқистон мегӯяд, аз 51 шаҳрванд 4 нафар ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда, 12 каси дигар ҷарима ва 21 нафар огоҳии додгоҳӣ гирифтаанд. Кравченко гуфт, аз рӯи ҳодисаи 21 май парвандаи ҷиноӣ кушода нашудааст.

Узви "Комиссияи замин" Мухтор Тайжан аз муовини додситонӣ пурсид, ки нисбати бархе аз эътирозгарон бо айби барангехтани бадбинии миллӣ ва талоши барканор кардани ҳукумат аз роҳи зурӣ парванда таъсис шудааст. Кравченко дар посух ба ин суол гуфт, ҳозир аст бо далелҳо воқеӣ будани ин айбҳоро собит кунад.

21 май дар чанде аз шаҳрҳои Қазоқистон шаҳрвандон талош карданд, ки зидди ислоҳоти замин гирдиҳамоӣ ташкил кунанд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, садҳо шаҳрванд боздошт шуда, бархеашон баъди овардан то идораи пулис раҳо гардиданд, аммо гирдиҳамоиҳо пароканда шуд. Бештар аз 30 фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ бо айби ташкили тазоҳуроти ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудаанд.

XS
SM
MD
LG