Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров дар Амрико ҳам медали нуқра гирифт


Дилшод Назаров
Дилшод Назаров

Варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назарови 34-сола дар даври чоруми мусобиқоти “Лигаи бриллиантӣ” оид ба варзиши сабук дар Юҷини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар гурзандозӣ барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Вай ин дафъа гурзро ба масофаи 78 метру 12 сантиметр ҳаво дод. Рақиби аслиаш Павел Файдек аз Лаҳистон, ки рӯзи 4 июн 27-сола мешавад, бо натиҷаи 80 метру 28 сантиметр мақоми аввалро касб кард. Намояндаи дигари Лаҳистон Войсех Новитский бо натиҷаи 76,86 метр севум шуд.

Ёдовар мешавем, ҳафтаи гузашта Дилшод Назаров дар мусобиқоти ҷаҳонии гурзандозӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон бо медали нуқра мукофотонида шуда буд. Вай гурзро ба масофаи 78 метру 34 сантиметр ҳаво дод. Рақиби аслиаш Павел Файдек бо натиҷаи 80 метру 39 сантиметр мақоми аввалро касб кард.

Аз ин пеш Дилшод дар мусобиқоти ҷаҳонии силсилаи Гран-При "Оstrava golden spike" дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех низ бо натиҷаи 78 метру 82 сантиметр ҷойи дувумро гирифта буд. Павел Файдек бо натиҷаи 80,66 метр ғолиб шуд.

Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст. Вай дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки то охирҳои моҳи июн дар Ҷумҳурии Чех тамрин карда, ба Олимпиадаи Рио-2016 омодагӣ мебинад.

"Аз ҳама мақсади олӣ дар Олимпиада ин ба даст овардани медал мебошад. Бинобар ин, мо умед мебандем, омодагӣ мегирем, вале чунонки мегӯянд, ҳамааш бо хости Худост. Агар ҳама чиз хуб анҷом ёбад, медал ҳам мешавад," – иброз дошт Дилшод Назаров дар суҳбат бо “Озодӣ”.

Ҳолнома:

Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров 6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ барандаи медали нуқраи мусобиқоти қарамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006, 2010 ва 2014, қаҳрамони секаратаи Осиё (2009, 2013, 2015), қаҳрамони дукаратаи Осиё байни наврасон (1999 ва 2001) мебошад. Дар Бозиҳои олимпии соли 2004 дар Афина (Юнон) ноком шудааст. Дар Олимпиадаи соли 2008 дар Пекин (Чин) ҷойи 11-ум, дар Олимпиадаи соли 2012 дар Лондон (Инглистон) ҷойи 10-умро гирифтааст.

Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014 муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мебошад. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG