Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Панҷ медали гуштигирони тоҷик дар қаҳрамонии самбои Осиё


Ҳамроз Раҷабов

Ҳамроз Раҷабов

Дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё, ки рӯзҳои 27-29 май дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ишқобод – баргузор шуд, варзишгарони тоҷик оид ба самбои варзишӣ соҳиби панҷ медал (як тилло, як нуқра ва се биринҷӣ) гардиданд.

Ҳамроз Раҷабов, ки дар вазни то 74 кило дар қувваозмоии ниҳоӣ миёни мардон бар гуштигири қирғиз Урмат Мабетжан Уулу пирӯз шуд, ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гашт. Воқиан, ин аввалин ғалабаи Ҳамроз дар мусобиқоти бузурги самбо миёни бузургсолон аст.

Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, "дарТуркманистон ба ман ҳама чиз писанд омад. Ғизои хуб, шаҳри зебо, мардуми меҳмоннавоз. Албатта, аз он хушҳолам, ки мусобиқот барои ман бобарор гардид. Дар қувваозмоии ниҳоӣ, умуман дар мусобиқот, гуштигирӣ вазнин буд, вале ин табиист, ин гуштӣ аст."

Садам Каримов дар сабқати наврасон дар вазни то 75 кило медали нуқра гирифт.

Гуштигири пуртаҷрибаи тоҷик Дилбар Султонова дар сабқати занон дар вазни то 72 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Мирзошариф Исматов дар сабқати навҷавонон дар вазни то 74 кило ба дастаи Тоҷикистон медали биринҷӣ овард. Нозила Каримова дар сабқати духтарон дар вазни то 56 кило соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Дар ҳисоби умуvидастаӣ мунтахаби Туркманистон бо касби 66 медал, аз он ҷумла 21 нишони тилло, ғолиб омад. Мунтахаби Узбакистон бо касби 55 медал, минҷумла 20 нишони тилло, дувум ва мунтахаби Қазоқистон бо касби 43 медал, аз он ҷумла 20 нишони тилло, севум шуданд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё, ки шоми якшанбеи 29 май дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ишқобод – хотима ёфт, мутахассиси варзидаи тоҷик Маҳмуд Абдуллоев, ноиби президенти Иттиҳоди самбои Осиё ва раиси комиссиюни доварони қора, сардовари ин мусобиқоти пурнуфузи қитъавӣ таъин шуда буд.

Довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев, сардори шуъбаи варзиш ва маълумоти олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ миёни наврасону навҷавонон, мардону занон дар Ишқобод ҳудуди 400 варзишгар аз 17 кишвари қора ширкат дошт.

Ӯ афзуд, “мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки барои аввалин бор дар пойтахти Туркманистон доир шуд, як санҷише буд пеш аз Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки моҳи сентябри соли 2017 дар Ишқобод баргузор мешаванд. Ба барномаи ин Бозиҳо самбо низ шомил аст.”

“Вале, мутаассифона, ба иллати сари вақт пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Федератсияи самбои Тоҷикистон барои гирифтани раводид ба Ишқобод ҷиҳати ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё, бисёр гуштигирони маъруфи тоҷик натавонистанд ба Туркманистон сафар намоянд. Онҳое, ки ширкат карданд, аз вилояти Суғд буданд”, - иброз дошт Маҳмуд Абдуллоев.

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои Осиё, ки рӯзҳои 11-13 декабри соли гузашта дар шаҳри Атирауи Қазоқистон баргузор шуда буд, ҳамагӣ 28 медал (13 тилло, 9 нуқра ва 6 биринҷӣ) ба даст оварда буданд. Аз он ҷумла дар сабқати самбои варзишӣ байни мардон ҳафт нафари онҳо - Акмалиддин Каримов (52 кг), Нозимҷон Охиров (62 кг), Мустафо Ҳасанов (68 кг), Деваштич Ҳабибов (74 кг), Ҷумъахон Назриев (90 кг), Шамшод Абдуллоев (100 кг) ва Набимуҳаммад Хоркашев (+100 кг) - ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гаштаанд.

Бояд тазаккур дод, самбо ба қатори 85 намуди варзиш шомил аст, ки онҳоро Шӯрои олимпии Осиё (ШОО) дастгирӣ мекунад. Ин намуд ба барномаи Бозиҳои XVIII осиёӣ, ки соли 2018 дар Индонезия баргузор мешаванд, дохил шудааст.

XS
SM
MD
LG