Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як қарн баъди набарди Верден. Муҳорибае чун рамзи беҳудагии ҷанг


Дар Фаронса рӯзи 29 май маросимҳои ёдбуд бахшида ба садсолагии набарди Верден, тулонитарин набарди ҷанги якуми ҷаҳон, баргузор шуданд.

Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар чаҳорчӯби маросимҳои ёдбуд ибтидо дар оромгоҳи низомии Консенвойе, воқеъ дар шимоли Верден, гулчамбар гузоштанд – дар ин ҷо беш аз 10 ҳазор сарбозони олмонӣ макони охират пайдо кардаанд. Сипас онҳо дар маркази шаҳри Верден лавҳаи ёдгориро ифтитоҳ карда, ба Форт Дуамон рафтанд, ки дар оромгоҳи он ҷо ҷасади 130 ҳазор сарбози фаронсавию олмонӣ гӯронида шудааст.

Муҳориба барои ишғоли Верден аз сӯи нерӯҳои олмонӣ 21 феврали соли 1916 шурӯъ шуд ва 18 декабри ҳамон сол бенатиҷа поён ёфт. Дар задухӯрдҳо беш аз 300 ҳазор нафар аз ду тараф кушта шуданд, тақрибан 400 ҳазор нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Бино ба маъхазҳои таърихӣ, ба муҳориба беш аз 2,5 миллион афсару сарбози фаронсавую олмонӣ сафарбар шуданд.

Муҳориба ягон натиҷаи тактикӣ ва стратегӣ надод ва нерӯҳои баъди сесад рӯзи муҳориба хаставу беҳолшудаи ҳарду кишвар дар мавқеъҳои аввалии худ боқӣ монданд.

Франсуа Ҳолланд ва Агела Меркел таъкид намуданд, ки ёди муҳорибаи Верден бояд барои ҳифзи сулҳ мусоидат кунад.

Садри аъзами Олмон, аз ҷуимла, гуфт, Верден аз як сӯ, рамзи ваҳшату беҳудагии ҷанг ва аз тарафи дигар, рамзи тавонмандии мардум барои сӯи ҳамдигар дасти оштӣ дароз кардан аст. «Ёди рӯзҳои гузашта ҳамеша бо мост ва ин хело муҳим аст, зеро фақат касе, ки гузаштаро фраомӯш накардааст, метавонад аз он барои имрӯз сабақ бигирад», изҳор намуд Ангела Меркел зимни ташриф ба бинои ҳукумати шаҳри Верден. Зимнан, ӯ нахустин садри аъзами Олмон аст, ки баъд аз набарди Верден вориди ин бинои қадима шудааст.

Франсуа Ҳолланд изҳор намуд, ки Верден ваҳшати бесобиқаро пушти сар кард ва тавонист, ки эҳё шавад ва ҳатто ба рамзи сулҳу дӯстии Фаронсаву Олмон табдил ёбад.

Дар маросимҳои ёдбуд дар Верден тақрибан 4 ҳазор наврасони фаронсавию олмонӣ ширкат доштанд.

Сарони Фаронсаву Олмон маросими ёдбуди қурбониёни набарди Верденро барои намоиши ваҳдату ягонагӣ дар Иттиҳодияи Аврупо истифода карданд – ҳоло Иттиҳодия ба мушкили марбут ба муҳоҷират ва эҳтимоли ихроҷи Бритониё аз он мувоҷеҳ аст.

XS
SM
MD
LG