Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Дар баҳри Миёназамин беш аз 700 муҳоҷир ҷон бохтааст


Комиссариати СММ дар умури паноҳандагон мегӯяд, тайи рӯзҳои ахир дар соҳилҳои ҷанубии Италия дар баҳри Миёназамин беш аз 700 тан аз муҳоҷироне ғарқ шуданд, ки талоши вуруд ба Аврупоро доштанд.

Шарлотта Самӣ, намояндаи ин комиссариат, рӯзи 29 май ба хабаргузории Associated Press гуфт, ки тақрибан сад нафар 25 май бар асари зери об рафтани як киштии қочоқбарон ҷон бохтанд.

550 нафари дигар аз рӯзи 26 май ба ин сӯ, баъди ғарқ шудани киштӣ бо муҳоҷирон, беному нишонанд. Киштии онҳо як рӯз пеш аз бандари шаҳри Сабратаи Либия берун шуда буд. Ба иттилои Шарлотта Самӣ, дар киштӣ, ки муҳаррик надошт ва бо киштии қочоқбарон васл шуда буд, тақрибан 670 нафар ҳузур доштанд. 25 нафари онҳо тавонистанд, ки худро ба киштии аввалӣ расонанд, 79 нафар наҷот дода шуданд. Аз ҷойи ҳодиса ҷасади фақат 15 нафар пайдо карда шудааст.

Дар ҳодисаи саввум, ки 27 май ба вуқӯъ пайваст, киштии италиявии Вега тақрибан 135 нафар аз мусофирони сафинаи резиниро наҷот дод. Ҷасади 45 нафар аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ ошкор шуда, ҷустуҷӯи даҳҳо нафари дигар аз сӯи наҷотбахшони Флоти ҳарбӣ-баҳрии Италия идома дорад.

Сокинони Либияи ҷангзада талош мекунанд, ки бо кӯмаки қочоқбарон худро ба ҷазираҳои ҷанубии Италия расонанд.

XS
SM
MD
LG