Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лориҷонӣ раиси муваққати Маҷлис интихоб шуд


Алӣ Лориҷонӣ, раиси пешини Маҷлиси Эрон, рӯзи 29 май раиси муваққати парлумони нав интихоб шуд. Аз номзадии ӯ 173 вакили Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон овоз доданд. Рақиби ӯ номзади ислоҳотталабон Муҳаммад Ризо Ориф аз пуштибонии фақат 103 вакил бархӯрдор шуд.

Раъйдиҳӣ барои раиси доимии Маҷлис рӯзҳои наздик баъд аз тасдиқи мандатҳои вакилони боқимондаи парлумон сурат мегирад. Маҷлиси Эрон дорои 290 курсӣ аст.

Парлумони нави Эрон, ки пас аз интихобот дар моҳҳои феврал ва апрел ташкил шудааст, рӯзи 28 май фаъолияти худро бо маросими савганд шурӯъ намуд.

Интихоботи парлумонӣ дар Эрон ҳамчун раъйдиҳӣ ба созиши ҳастаии кишвар бо шаш қудрати ҷаҳонӣ арзёбӣ мешуд. Ним сол баъд аз имзои ин созиш таҳримҳои байнулмилалӣ алайҳи Теҳрон лағв шуданд.

Раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ дар суханронӣ дар парлумон аз Алии Лориҷонӣ барои пуштибонияш аз созиши ҳастаӣ ситоиш кард ва хостори ҳамкории бештари Маҷлис ва ҳукумат "барои ҳалли мушкилот ва бӯҳрон дар кишвар" шуд.

Дар Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ислоҳотхоҳон 133 курсиро соҳиб шуданд. Муҳофизакорон бори аввал дар 12 соли охир бо дарёфти 125 мандат қаноат карданд.

XS
SM
MD
LG