Пайвандҳои дастрасӣ

Кореяи Шимолӣ таҳдид кард, ки дар сурати аз марзҳои обии кишвар убур кардани киштиҳои низомии Кореяи Ҷанубӣ сӯи онҳо оташ мекушояд.

Вазорати мудофиаи Кореяи Шимолӣ рӯзи шанбе, 28 май, изҳор намуд, ки агар киштиҳои кишвари ҳамсоя ҳатто ба андозаи 0.001 миллиметр вориди обҳояш шаванд, онҳоро бидуни огаҳӣ тирборон хоҳад кард.

Як рӯз пеш киштиҳои Кореяи Ҷанубӣ баъди аз сӯи киштиҳои Кореяи Шимолӣ убур кардани минтақаи баҳсталаби марзҳои дарёӣ дар Баҳри Зард сӯи ҳаво тир андохтанд. Пхенян мегӯяд, дар киштии вориди минтақаи баҳсталабшуда моҳигирон буданд ва онҳо дар обҳои кишвар буданду бо худ силоҳ надоштанд.

Кореяи Шимолӣ хатти марзҳои обӣ миёни ду кишварро, ки дар поёни ҷанги Корея дар соли 1953 аз сӯи Созмони Милали Муттаҳид муқаррар шуда буд, эътироф намекунад.

XS
SM
MD
LG